Дархости Гутерриш аз ҷаҳониён барои муқобила бо чолишҳои беҳдоштӣ
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон хост, барои муқобила бо чолишҳои беҳдоштии оянда дар рӯзи байналмилалии омодагии муқобила бо ҳамагирӣ, ки ҳарсола дар 27 декабр баргузор мешавад, омода шаванд.
Раванди афзоиши омори ибтило ба бемории Ковид – 19, ки то кунун дар 228 кишвару минтақа дар ҷаҳон густариш ёфта, идома дорад ва ин беморӣ ҳамчунон дар дунё қурбонӣ мегирад.
Ба гузориши хабаргузории «Синхуа», Антонио Гутерриш бо ибрози таассуф гуфт, хисорот фоҷеабор будааст ва аз замони шуруи ҳамагирии корона миллионҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд, садҳо миллион нафар бемор шудаанд, иқтисодҳо аз ҳам пошида шуда, саломати системаҳои беҳдоштӣ фалаҷ шуда ва триллионҳо доллар аз даст рафтааст.
Ин мақоми аршади Созмони Милал ҳушдор дод, илова бар ин пешрафт ба сӯи аҳдофи тавсеаи пойдор мутаваққиф шудааст.
Гутерриш хотирнишон кард, Ковид - 19 охирин эпидемия ё ҳамагирии пеширӯи башарият нахоҳад буд.
Дабири кулли СММ афзуд, ба унвони як ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ба дарсҳои возеҳи ин ҳамагирӣ тавваҷуҳ кунему сармоягузории ҷасуронае дар омодагӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба ҳамагирӣ анҷом диҳем.