Гутерриш дар посух ба тамоси Боқирӣ: Эрон ҳаққи дифоъ аз нақзи амнияти миллии худро дорад
(last modified 2024-08-02T14:48:39+00:00 )
Август 02, 2024 19:48 Asia/Dushanbe
  • Гутерриш дар посух ба тамоси Боқирӣ: Эрон ҳаққи дифоъ аз нақзи амнияти миллии худро дорад

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба тамоси телефонии сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи ҳуқуқи байналмилал ҳаққи дифои машрӯъ ва дифоъ аз худро дар қиболи нақзи амнияти миллӣ ва тамомияти арзӣ дорад.

Алӣ боқирии Канӣ, сарпарасит вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар хасус иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар Теҳрон ройзанӣ ва гуфтугӯ кард.

Гутерриш ҳамчунин нисбат ба эҳтимоли вуқӯъи як ҷанги тамом аёр дар Лубнон ва осору авоқиби он ибрози нигаронӣ кард.

Боқирӣ низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ таъкид кард, иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар Теҳрон илова бар таҷовуз ба тамомияти арзии Эрон ва нақзи ҳокимияти миллии Эрон, мӯҷиб ба хатар андохтани сулҳу суботи минтақаӣ ва байналмилалӣ шуда ва Теҳрон аз ҳаққи зотии худ барои дифоъ аз худ ва иқдоми мутақобил дар муҷозоти саҳюнистҳои ҷинояткор нахоҳад гузашт.

Вай дар идомаи ин гуфтугӯи телефонӣ ба баргузории ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти ба дархости Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора кард ва иқдоми Амрико ва кишварҳои Аврупо дар ҷилавгирӣ аз маҳкумияти террори Исмоил Ҳанияро тақбеҳ ва таъкид кард, ин иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ мӯҷиб ба хатар андохтани сулҳу суботи минтақа хоҳад шуд ва ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои ҳифзи сулҳу суботи байналмилалӣ дар муқобили ин режими ҷинояткор биистад.

 

Барчасп