Пизишкиён: Режими Исроил ба таври пинҳон ва ошкор аз ДИИШ ҳимоят кардааст/ Эрон омодаи густариши ҳамкориҳо
(last modified 2024-09-26T05:54:42+00:00 )
Сентябр 26, 2024 10:54 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Режими Исроил ба таври пинҳон ва ошкор аз ДИИШ ҳимоят кардааст/ Эрон омодаи густариши ҳамкориҳо
    Пизишкиён: Режими Исроил ба таври пинҳон ва ошкор аз ДИИШ ҳимоят кардааст/ Эрон омодаи густариши ҳамкориҳо

Порс Тудеӣ - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон омодагӣ дорад барои сохтани дунёи беҳтар бо қудратҳои ҷаҳон ва ҳамсоягонаш, муровидоти муассир ва аз ҷойгоҳ баробар дошта бошад.

Масъуди Пизишкиён раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони рӯзи сешанбе дар ҳафтоду  нуҳумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо интиқод аз хурӯҷи Амрико аз БарҶоми афзӯд : Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ бо нигаришии фурсати меҳвар ба БарҶом даст ёфтанд , Теҳрон дар баробари шиносои ҳуқуқи Эрону рафъи таҳримҳо болотарин сатҳ аз назоратҳо дар ҳавзаи ҳастаиро пазируфт аммо хурӯҷи якҷониба « Доналд Трамп » аз БарҶом нишонгари дидгоҳи таҳдиди меҳвар дар арсаи сиёсӣ ва нигоҳи қудрати меҳвар дар арсаи иқтисодӣ буд .

Пизишкиён дар ҳамин хусӯс бо ишора ба инки Эрон ба гувоҳии ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба тамомии таъаҳҳудоташ дар БарҶом пойбандаст , таъкид кард ки Теҳрон омодаи таъомул бо аъзоӣ БарҶомаст ва агар таъаҳҳудоти барҷомӣ ба таври комил ва бо ҳасани ният иҷро шавад метавон дар мавриди дигар масоил ҳам вориди гуфтугў шуд .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома хитоб ба мардум Амрико гуфт :

Ин Эрон нест ки дар канори марзҳои шумо пойгоҳи низомӣ сохтааст , Эрон нест ки кишвари шуморо таҳрим карда ва монеъ аз равобити тиҷории шумо бо ҷаҳон шудааст . Эрон нест ки монеъ аз дастрасии шумо ба дору мешавад . Ин Эрон нест ки монеъи дастрасии шумо ба низоми бонки  пӯлии ҷаҳон шудааст . Ин Эрон нест ки сарони артиши шуморо террор карда , балки Амрикост ки азизтарини сардори низомии Эронро дар фурудгоҳи Бағдод террор кардааст .

Пизишкиён бо таъкид бар инки таҳримҳо , силоҳи мухарриб ва ғайриинсонӣ ҳастанд ки бо ҳадафи фалаҷ кардани иқтисоди кишвар аъмол мешаванд , афзуд : Таҳрӯмият аз дастрасӣ ба доруҳои ҳаёти яке аз дардноктарин пайомадҳои таҳримҳоа ст ки ҷони ҳазорон инсони бегуноҳро ба хатар меандозад , ин иқдом на танҳо нақзи ошкори ҳуқуқи башар балки ҷиноятии алайҳ башариятаст .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ба ҷиноёти Исроил дар минтақаи ғарби Осиё ишора кард ва гуфт :

Мардуми ҷаҳон дар як соли гузашта моҳияти режими Исроилро дидаанд ; дидаанд сардамдорони ин режим чигуна ҷиноят мекунанд ва дар ёздаҳ моҳ беш аз 41 ҳазор мардуми бегуноҳро дар Ғазза ба хок ва хӯн кашидаанд ки бештари занону кӯдакони бегуноҳ бӯдаанд аммо Исроил ва ҳомиёнаш ба наслкушӣ , кӯдаккуши , ҷинояти ҷангӣ ва тероризми давлатӣ мегӯянд « дифои машрӯъ».

«М асъӯди Пизишкиён » бо таъкид бар инки танҳо роҳи поён додан ба кобӯси ҳафтод солаи ноамнӣ дар ғарби Осиё ва ҷаҳони бозгардондани ҳақи таъйини сарнавишти мардуми Фаластин аст , афзуд : Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд фавран хушунату ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Лубнонро мутаваққиф кунад .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони зимни ҳимояти Эрон аз ҷунбишҳои озоди бахшу мардумӣ тасреҳ кард ки ин Исроил аст ки донишмандон дипломатҳо ва меҳмонони моро дар сарзамини Эрон террор карда ва аз ДИИШ ва гуруҳҳои террористии пинҳон ва ошкор ҳимоят кардааст .

Пизишкиён дар идома бо баёни инки Эрон хоҳони сулҳ барои ҳама аз ҷумла мардуми Украина ва Русия аст таъкид кард ки Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни мухолифат бо ҷанг ва таъкид бар лузӯми таваққуфи сариъи даргириҳои низомӣ дар Украина аз ҳаргуна роҳи ҳали сулҳомез ҳимоят мекунад ва муътақид аст танҳо аз тариқи гуфтугӯ ин буҳрон хотима меёбад .

Барчасп