Киссинҷер: Бетараф шудани Украина роҳи ҳалли ҷанг аст
(last modified Mon, 09 Jan 2023 08:07:12 GMT )
Январ 09, 2023 13:07 Asia/Dushanbe
  • Мушовири амнияти миллии давлати асбақи Амрико ҳамчунин мутазакир мешавад, роҳи ҳали ҷанги феълӣ дар Украина як \
    Мушовири амнияти миллии давлати асбақи Амрико ҳамчунин мутазакир мешавад, роҳи ҳали ҷанги феълӣ дар Украина як \" Украинаи бетараф\" аст

Вазири хориҷа ва мушовири амнияти миллии дар давлатҳои асбақи Амрико дар китоби ҷадиди худ навишт, бетарафа шудани вазъияти Украина роҳи поён додан ба даргирии ин кишвар бо Русия аст.

Ба гузориши Садои Хуросон Генри Киссинҷер вазири ва мушовири амнияти милли дар давлатҳои асбақи Амрико дар китоби ҷадиди худ таҳти унвони Раҳбарӣ,: Шаш дарси стратежикии ҷаҳонӣ, навишт: " Агар Украина ба эътилоф бипайвандад, марзҳои ин булук дар 500 киламетрии Маскав қарор мегирад ва сабаби идомаи ҷанги Украина мешавад.

Мушовири амнияти миллии давлати асбақи Амрико ҳамчунин мутазакир мешавад, роҳи ҳали ҷанги феълӣ дар Украина як " Украинаи бетараф" аст.

Моҳии августи гузашта, Киссинҷер тавсиаи поён додан ба ҷанги Украина бо музокирот кардан ва гуфта буд, ки ба  тул анҷомидани ҷанг дар ин кишвар мумкин аст мунҷар ба ташдиди даргирӣ шавад.

Генри Киссинҷер дар моҳи декабр дар мақолае дар маҷалаи " Спектатор" хостори музокираи Русия бо Украина барои дури аз ҷанги густардатар шуд.

Бештар бихонед: