Ҳинд, рекорддори муҳоҷир дар ҷаҳон
Бештарин ҷамъияти муҳоҷирон дар соли 2020 ба ҳиндиҳо таъаллуқ гирифт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аз Деҳлии нав, тибқи гузорише ки Созмони Миллал Муттаҳид мунташир кард 18 миллион нафар аз мардуми Ҳинд дар кишвари ғайр аз сарзаминии модариашон зиндагӣ мекунанд.
Пас аз Ҳинд ба тартиб Мексика ва Русия бо 11 миллион, Чин бо 10 миллион ва Сурия бо 8 миллион нафар ба тартиби панҷ кишваре ҳастанд, ки бештарин муҳоҷиратро дар ҷаҳон сабт карданд .
Додаҳои бахши ҷамъияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллали Муттаҳид нишон медиҳад, Аморот 3 миллиону 500 ҳазор нафар, Амрико бо 2 миллиону 700 ҳазор ва Арабистон бо 2 миллиону 500 ҳазор нафар се кишвари аввал дар мизбонӣ аз муҳоҷирони ҳиндӣ ҳастанд .
Бар асоси оморҳои расмӣ аз соли 2011 то поёни соли 2022 беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз мардуми Ҳинд тобеъияти худро тағйир доданд .
Соли 2020 омори ҳиндиҳое, ки тобеъияти худро тағйир дода буданд, беш аз 85 ҳазор нафар буд, аммо дар як соли ахир ин теъдод бо рушдии 110 дарсадӣ ба ҳудуди 184 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.