Таҳлил: Ҳушдор дар бораи вуқуъи Ҷанги ҷаҳонии сеюм бо ташдиди хусуматҳо алайҳи Русия
(last modified 2023-01-24T13:16:45+00:00 )
Январ 24, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ҳушдор дар бораи вуқуъи Ҷанги ҷаҳонии сеюм бо ташдиди хусуматҳо алайҳи Русия

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури пешин ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар бораи вуқуъи ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод. Вай рӯзи душанбе (23 январ) тайи суханоне гуфт: «ҷаҳон ба хатари ҷанги ҷаҳонии сеюм ба далели хусуматҳо алайҳи Федерасиюни Русия, наздик шудааст».

Вай ҳамчунин бо таъкид бар инки Русия барои ҷилавгирӣ аз як фоҷеъаи атомӣ ва ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳар корн анҷом хоҳад дод, афзуд: «агар мо тазминҳои амниятии ҳаддиаксарии мавриди назари Русияро дарёфт накунем, таниш ба таври номаҳдуд идома хоҳад дошт. Ҷаҳон дар масири як Ҷанги ҷаҳонии сеюм ва як фоҷеъаи атомӣ ҳаракат хоҳад кард».

Ҳушдори ҷиддии Медведев дар бораи имкони бурузи ҷанги ҷаҳонии сеюм бо ташдиди хусуматҳо алайҳи Русия бо таваҷҷӯҳ ба равандҳои кунунӣ дар заминаи имтиноъи Ғарб аз додани тазминҳои амниятӣ ба Русия, аз ҷумла худдорӣ аз узвияти Украина дар НАТО, ҳимояти густарда ва рӯз ба афзоиши Ғарб аз Украина дар ҷанги кунунӣ бо Русия ва ташдиди ҳамаҷонибаи фишорҳои блоки Ғарб алайҳи Маскав, аз ҷумла густариши доманаи таҳримҳо баён шудааст. Баназар мерасад ғарбиҳо ба саркардагии Амрико бар ин гумон ҳастанд, ки фишорҳои номаҳдуд алайҳи Русия мунҷар ба бурузи вокуниши атомӣ аз ҷониби Маскав нахоҳад шуд ва ба ҳамин далел дар остонаи давоздаҳумин моҳи ҷанги Украина на фақат кумакҳои Ннизомӣ ва таслеҳотиро ба Киев коҳиш надодаанд, балки бо мавҷи афзоишӣ дар ин замина мувоҷеҳ буда ва ҳатто акнун таслеҳотӣ монанди танкҳои сангини бритониёӣ ва худравҳои зиреҳии размии амрикоӣ равонаи Украина шудаанд. Зимни инки Вашингтон ва шарикони аврупоиаш анвоъи сомонаҳои падофанди ҳавоӣ, аз ҷумла Патриотро дар Украина мустақар мекунанд, ки ин иқдом дар канори ирсоли анвоъи сомонаҳои тупхонаӣ ва мушакӣ бо ҳадафи тағйири мувозинаи ҷанг ба нафъ Киев сурат мегирад. Ҳадафи куллии Ғарб ба саркардагии Амрико шикасти Русия дар ҷанги Украина аст.  Дмитрий Медведев дар 18 январ бо ишора ба амалиёти низомии Маскав дар Украина, ҳушдор дод, шикасти як қудрати ҳастаӣ дар як ҷанги мутаораф, мумкин аст мунҷар ба ҷанги атомӣ шавад. Ӯ дар паёми телеграмӣ дар робита бо ҳимояти НАТО аз артиши Украина навишт: Қудратҳои ҳастаӣ ҳаргиз дар даргириҳои бузург, ки сарнавишташон ба он бастагӣ дорад, бозанда набудаанд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ ахиран дар ҷараёни боздид аз як корхонаи аслиҳасозӣ дар шаҳри зодгоҳаш Санкт Петербург гуфт, пирӯзии Русия дар Украина ҳатмист.

Дар муқобил мақомоти аршади низомии Ғарб дар бораи чашмандози пирӯзии Русия дар ҷанги Украина ҳушдор додаанд. Аз ҷумла Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО пирӯзии Русия дар Украинаро барои НАТО бисёр хатарнок хонда ва таъкид карда, ки пирӯзии Русия дар даргирии низомии кунунӣ дар Украина, НАТО-ро осибпазир карда ва хатароти зиёде барои НАТО ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Столтенберг бо ишора ба инки пирӯзии Русия на танҳо барои Украина, балки барои кулли блоки НАТО як трагедӣ хоҳад буд, гуфт: «чунин раванди авзоъ барои ҳамаи мо бисёр хатарнок хоҳад буд, зеро дар ин сурат сигнале барои ҳамаи режимҳои мустабид хоҳад буд, ки метавонанд бо истифода аз зур ва нақзи қавонини байналмилалӣ ба ончӣ мехоҳанд барисанд. Ин вазъият моро осебпазир хоҳад кард.»

Аз дидгоҳи сарони ғарбӣ, пирӯзии Русия дар ҷанги Украина онҳам дар муҷовирати НАТО ба маънои беэътибории ин созмони низомӣ ва густариши ҳарчӣ бештари нуфузу қудрати минтақаӣ ва байналмилалии Русия хоҳад шуд ва муъодилоти амниятӣ ва низомӣ ва сиёсиро дар Аврупо ба зарари Ғарб тағйир хоҳад дод. Ҳамчунин аз нигоҳи Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико ва мақомоти аршади низомӣ ва амниятии давлати ӯ низ, ҷанги Украина фурсате беҳамто ва ғайри қобили такрор барои зиддияти ҳарчӣ бештар алайҳи Русия ва тазъифи он ва дар ниҳоят ҷилавгирӣ аз шаклгирии комили низоми чандқутбӣ фароҳам овардааст. Лизо онҳо ба истилоҳ азми худро ҷазм кардаанд то ба ҳар қиммат аз пирӯзии Русия дар ҷанги Украина ҷилавгирӣ намоянд. Аз дидгоҳи Маскав ҳадафи Ғарб аз тадовуми ин ҷанг тазъифи ҳарчӣ бештари Русия бо ҳадафи ниҳоии таҷзияи он аст. Бад-ин тартиб интизор меравад, ки ҷанги Украина на танҳо поён наёбад, балки бо таваҷҷуҳ ба тадовум ва густариши кумакҳои низомӣ ва таслеҳотии бесобиқаи Ғарб ба Киев доманаи он густардатар шавад. Чунин сенарияе албатта эҳтимоли вокуниши ҳастаии Русия ва вуқуъи ҷанги ҷаҳонии сеюмро башиддат афзоиш медиҳад.

 

Барчасп