Маҳкумияти ҳамла ба масҷиди Пишовари Покистон аз сӯи Гутерриш
(last modified Tue, 31 Jan 2023 08:00:15 GMT )
Январ 31, 2023 13:00 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамла ба масҷиди Пишовари Покистон аз сӯи Гутерриш

Антонио Гутерриш-дабири кули Созмони Милал ҳамла ба масҷиде дар Пишовари Покистонро маҳкум кард .

Бар асари инфиҷори террористии зуҳри душанбе дар яке аз масоҷиди шаҳри Пишовар-маркази иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ дар шимолу ғарби Покистон 32 тан шаҳид ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.
 

Image Caption

То кунун ҳеҷ фард ё гуруҳе масъӯлияти инфиҷори рӯзи душанбе дар шаҳри Пишоварро бар уҳда нагирифтааст.
Ба гузориши ИРНА, Гутерриш зимни ибрози ҳамдардӣ бо қурбониёни ин ҳамла хоҳони беҳбудии фаврии маҷрӯҳон шуд .
Вай ҳамчунин бар ҳимояти Созмони Милал аз мардуму давлати Покистон дар муборизаи онҳо бо тероризм таъкид кард .
Бар асоси оморҳо дар соли 2022 беш аз 500 ҳамлаи террористӣ дар Покистон сабт шудааст . Масъӯлияти аксари ин ҳамалотро гуруҳи таҳрики толибони Покистон ( TTP ) бар уҳдда гирифтааст .

Image Caption

Ин гуруҳ чанде пеш пас аз шикасти музокирот бо Исломобод, поёни оташбасро эълом кард . Манотиқи шимолӣ бавижа иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ ва Балӯчистон дар ҷануб шоҳиди бештарин даргириҳо ва ҳамалоти террористӣ дар моҳҳои ахир будааст.

Image Caption