Феврал 15, 2023 18:20 Asia/Dushanbe
  • 50 кишвар дар Брюссел барои кумак ба Киев
    50 кишвар дар Брюссел барои кумак ба Киев

Амрико дар идомаи талошҳояш барои доман задан ба ҷанги Украина, давлатҳои ғарбиро барои ҳимояти бештар аз Киев, аз ҷумла дар заминаи дифои ҳавоӣ таҳти фишор қарор додааст.

Амрикову Ғарб ба баҳонаи ҳамлаи Русия ба Украина дар 24 феврали 2022 то кунун таҳримҳои густардаеро алайҳи Маскав эъмол ва миллиардҳо доллар таслеҳоту таҷҳизоти низомӣ ба Киев ирсол кардаанд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи торнамои “Политико”, Амрико ҳамзамон бо даври ҷадиди ҳамалоти Русия ба Донбасс дар шарқи Украина, бо ҳушдор дар бораи муҷаҳҳаз будани Русия ба ҳавопаймоҳои ҷангии қавитар, кумакҳои бештари Ғарб ба дифои ҳавоии Украинаро хостор шуд.

Тибқи ин гузориш, мақомоти амниятии беш аз 50 кишвар, ки дар Брюссел барои ҳамоҳангӣ дар заминаи кумак ба Киев гирд омада буданд, дар бораи додани тӯпхона, муҳиммоту таҷҳизоти зиреҳии бештар ба Украина, ба вижа дифои ҳавоӣ дар авҷи нигарониҳо дар бораи ҷангандаҳои русӣ гуфтугӯ карданд.

 

 

Барчасп