Феврал 16, 2023 13:10 Asia/Dushanbe
  • Техас. Як нафар кушта ва се нафар захмӣ
    Техас. Як нафар кушта ва се нафар захмӣ

Тирандозӣ дар як маркази тиҷорӣ дар Эл-Пасои иёлати Техаси Амрико чаҳор куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба гузориши “Рейтерз”, Роберт Гомес, сухангӯи полиси иёлати Техас эълом кард, дар пайи тирандозӣ дар як маркази тиҷорӣ дар Эл-Пасои иёлати Техаси Амрико як нафар кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

Гомес афзуд, дар ин тирандозӣ як мазнун боздошт шуд ва як гумонбари дигар низ таҳти таъқиб аст.

Ҳанӯз гузорише дар мавриди вазъияти ҷисмии захмиҳо ва ангезаи эҳтимолии муҳоҷим ё муҳоҷимон аз ин тирандозӣ мунташир нашудааст.

Полис аз мардум хостааст, аз наздик шудан ба маҳалли тирандозӣ худдорӣ кунанд.

 

Барчасп