Сафари нахусвазири Италия ба Украина+филм
(last modified Tue, 21 Feb 2023 13:21:57 GMT )
Феврал 21, 2023 18:21 Asia/Dushanbe

Нахуствазири Италия як руз баъд аз поёни сафари Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико ба Киев поётахти Украина рафт

Италия ба унвони яке аз аъзои НАТО ба Украина аз назари моли ва таслиҳоти кумак карда аст ва пештар мувофиқати худро барои тавлиди муштараки сомонаи падофандии муштарак бо Фаронса барои ирсол ба Украина эълом карда буд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса дар остонаи аввалин солгарди ханг дар Украина ва идомаи диду боздидҳои мақомоти ғарби ва украинӣ аз пойтахтҳои якдигар Ҷорҷия Мелони, нахуствазири Италия ҳам имруз сешанбе худро бо қатор ба Киев расонд.

Мелони қарор аст бо Владимир Зеленскй, раиси Ҷумҳурии Украина дидор кунад.

Вай пеш аз ин борҳо гуфта буд, ки барои нишон додани ҳимояти Италия аз Украина дар назар дорад ба Киев сафар кунад.

Нахуствазири Италия, ки рузи душанбе дар Варшава пойтахти Полша ҳузур дошт дар нишасти хабари гуфт: Ҳимояти молӣ, низомӣ, башардустона ва ғайринизомиро ба Киев ироа кардаем ва Украина мутмаинан метавонад руи кумаки Италия ҳисоб кунад.

Идомаи ҳимоятҳои таслиҳоти ва молии кишварҳои ғарби аз Украина сабаб шуда аст то ҷанг дар ин кишвар ба яксолагии худ бирасад ва ҳанузҳам идома дошта бошад.