Баргузории маросими бузургдошти Ҳафтаи Ваҳдат дар ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Fri, 16 Dec 2016 16:16:06 GMT )
Декабр 16, 2016 21:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими бузургдошти Ҳафтаи Ваҳдат дар ҷумҳурии Озарбойҷон

Маросими бузургдошти Ҳафтаи Ваҳдат ва мелоди Паёмбари акрам (с) дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи пойгоҳи интернетии Идораи мусулмонони Қафқози ҷумҳурии Озарбойҷон, Аллоҳшукур Пошозода, раиси ин идора дар ин маросим ба аҳамияти ин айём ва тарвиҷу таблиғи ваҳдат миёни мусулмонон таъкид кард.

 Ҳамчунин Восим Муҳаммадалиев, устоди Доншгоҳи давлатии Боку дар ин маросим бо таҷлил аз мақоми волои расули Ислом (с) гуфт, ҳеҷ инсоне қодир ба баёни абъод ва тавсифи воқеӣ аз шахсияти набии акрам (с) нест, аммо ҳамин миқдор маърифат аз ин шахсияти бузургвор барои ҳидояти мусулмонон дар расидан ба қуллаи инсоният ва авҷи такомули башарӣ кофӣ аст.