Феврал 28, 2023 10:47 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии варзишкорони ношунавои Эрон дар мусобиқоти шатранҷи Осиё

Варзишкорони ношунавои Эрон бо касби ду медали тилло ва як бринҷӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи ношунавоёни Осиё дар мақом аввал истоданд .

Ба гузориши ИРНА,тими миллии шатранҷи ношунавоёни Ҷумҳурии исломии Эрон унвони қаҳрамонии аввалин давраи мусобиқоти шатранҷи ношунавоёни Осиё ва Уқёнусияро аз они худ кард ва бар саккӯи нахуст истод . Кишвари мизбон ( Урдун ) нойиб- қаҳрамон шуд ва Яман унвони сеюмиро ба даст овард .
Дар мусобиқоти шатранҷи зуд пас аз 9 даври мусобиқа, ки ба муддати 6 рӯз ба тӯл анҷомид, дар бахши бонувон Найир Гулизода унвони қаҳрамониро аз они худ кард ва дар бахши оқоён низ Пурё Ҷамолӣ муваффақ ба касби медали тилло ва Ормини Раҳматпур медали бринҷиро ба даст оварданд.
Дар ин давра аз мусобиқот, ки бо ҳузури 25 варзишкор аз кишварҳои мухталиф ба мизбонии шаҳри Аммон дар кишвари Урдун баргузор шуд, дар бахши   барқосо Найири Гулизода унвони қаҳрамонӣ ва варзишкорони мизбон низ унвонҳои дувум ва сеюмро касб карданд .
Дар бахши оқоён низ Ормини Раҳматпур муваффақ ба касби медали тилло, Пурё Ҷамолӣ медали нуқра ва варзишкорӣ аз кишвари мизбон низ ба унвони сеюмӣ даст ёфтанд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп