Сухангули Кремл: Маскав аз манотиқи пайваста ба Русия сарфиназар намекунад
-
Сухангули Кремл: Маскав аз манотиқи пайваста ба Русия сарфиназар намекунад
Сухангуи раёсати Ҷумҳурии Русия гуфт: Маскав мавозеъи худро дар бораи чаҳор минтақаи пайвастшуда, ки соли 2022 ва пас аз баргузории ҳамапурси ба хоки ин кишвар пайвастанд тағир намедиҳад.
Ба гузориши Райтерз, Дмитрий Песков сухангуи раёсати Ҷумҳурии Русия имруз сешанбе бо баёни ин ки ин чаҳор минтақаи пайвастшуда ба ин кишвар дар соли 2022 муртабит ба умури дохилии Русия ҳастанд эълом кард: Дар сурате, ки Украина пайвастшудани ин чаҳон минтақа ба хоки Русияро бипазирад Маскав омодаи музокира бо Киев барои поён додан ба ҷанг хоҳад буд.
Аз 23 то 27 сентиябри соли 2022 ҳамапурси дар Данетск ва Луганск, Запарож ва Херсон дар мавриди мавзуъи пайвастан ба Русия баргузор шуд аксарияти қариб ба итифоқи сокинони ин манотиқ ба пайвастан ба Русия райи мусбат доданд.