Март 04, 2023 16:02 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Дидори Байден ва Шолтз: Афзоиши фишорҳо алайҳи Русия ва кумакҳои таслиҳоти ба Украина
    Таҳлил: Дидори Байден ва Шолтз: Афзоиши фишорҳо алайҳи Русия ва кумакҳои таслиҳоти ба Украина

Сервиси матбуъотии Кохи Сафед рӯзи ҷумъа дар баёнияе, ки пас аз дидори Ҷу Байден раисиҷумҳӯри Амрико ва Олаф Шолтз садри аъзами Олмон мунташир шуд, эълом кард, ки ду тараф омодагии худро барои идомаи сиёсати таримҳои алайҳи Русия бо замоне, ки лозим бошад эълом карданд. Ин ду ҳамчунин " бар талошҳои ҷорӣ барои ироаи кумакҳои амниятӣ, башардӯстона, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Украина ва аҳамияти ҳифзи ҳамбастагии ҷаҳонӣ бо мардуми Украина таъкид карданд".

Кохи Сафед афзӯд: Ду тараф таъҳуди худро барои таҳмили ҳазина бар Русия то замоне, ки лозим бошад мавриди таъкид қарор доданд ва раҳбарони дукишвар ҳамчунин дидгоҳҳои худро дар мавриди соири масоъили ҷаҳонӣ ба иштирок гузоштанд.

Мавзеъгирии муштарки сарони Амрико ва Олмон дар қиболи Русия ва ҷанги Украина нишон медиҳад, ки Амрико ба унвони сармадори булуки Ғарб ва Олмон ба масобеи бузургтарин иқтисод ва муҳимтарин кишвари Иттиҳодия Аврупо  бар идомаи масири кунуни, ки сабаби оташ афрӯзи ҳарчӣ бештар дар Аврупо ва тадовуми ҷанги Украина шудааст таъкид доранд. Ҷу Байден дар дидор бо Шолтз гуфт: Ба Владимир Путин раисиҷумҳӯри Русия гуфтааст, ки НАТО аз ҳам гусасата нахоҳад шуд балки эътилофро қавитар ва тавонмандтар хоҳем кард.

Намоди ин амр эъломи басатаи ҷадиди кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии Иёлоти Муттаҳида ба Украина аст. Ба гуфтаи Энтони Блинкен вазири хориҷаи Амрико ин бастаи кумаки шомили муҳимот барои худравҳои ҷангӣ, тубҳои ҷадид ва худравҳои зареҳии размӣ аст, ман муҷавизи сиюмин бастаи кумакии Амрико ба Украинаро содир мекунам.

Блуки Ғарб ба саркардагии Амрико на фақат хоҳони тадовуми ҷанги хунини Украина аст балки бо тарҳҳои сулҳ барои поён додан ба он низ мухолифат меварзад. Дар ин росто Ҷу Байден раисиҷумҳӯри Амрико ҳафтаи қабл бо тарҳи Чин барои поён ва ҳалу фасли бӯҳрони  Украина мухолифат ва дар бораи судмандии он ибрози тардид кард. Байден дар вокуниш ба тарҳи Чин барои  поёни ҷанг ва ҳалу фасли бӯҳрони Украина изҳор дошт, ки пешниҳоде аз сӯйи Чин барои ҳалу фасли низоъ дар Украина фақат ба суди Русия аст. Ин дар ҳоле аст, ки Русия аз тарҳи Чин истиқбол карда ва хоҳони таваҷӯҳ ба он шудааст.

Аз дидгоҳи Ғарб, пирӯзии Русия дар ҷанги Украина он ҳам дар муҷовирати НАТО ба маънои бе эътиборим ин Созмони низомӣ ва густариши ҳарчӣ бештари нуфуз ва қудрати минтақаӣ ва байналмиллалии Русия хоҳад шуд ва муъодилоти амниятӣ ва низомӣ ва сиёсиро дар Аврупо ба зарари Ғарб тағир хоҳад дод.  Шолтз дар дидор бо Байден ао аҳамияти ҳифзи ҳимояти Ғарб аз Украина таъкид кад ва гуфт: Ин сол бисёр муҳим аст, зеро ҳамлаи Русия ба Украина як  таҳдиди хатарнок барои ҷаҳон аст.

Ҷу Байден раисиҷумҳӯри Амрико ва мақомоти аршади низомӣ ва амниятии  давлати ӯ мутақиданд, ки ҷанги Украина фурсати бе ҳамто ва ғайри  қобили такрор барои зиддияти ҳарчӣ бештар алайҳи Русия ва тазъифи он дар ниҳояти ҷилоавгирӣ аз шаклгирии комили низоми чанд қутбиро фароҳам офардааст. Лизо онҳо ба истилоҳ азми худро ҷазм кардаанд то ба ҳар қимат аз пирӯзии Русия дар ҷанги Украина ҷилавгири намоянд Аз  дидгоҳи Маскав ҳадафи ғарб аз тадовуми ҷанги тазъифии ҳарчӣ  бештари Русия бо  ҳадафи ниҳоии таҷзияи он аст.

 Бадин тартиб на фақат поёне барои ҷанги Украина дар соли 2023 мутасавир нест балки  бо таваҷҷӯҳ ба тадоввум ва густариши кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии бе собиқаи Ғарб  ба Киев интизор меравад доманаи он густардатар шавад. Дар айни ҳол мухолифати Ғарб бо тарҳҳои сулҳи пешниҳоди нишон медиҳад, ки асосан ба дунболи поён додан ба ҷанги Украина нест.

 

 

 

Барчасп