Богданов: Русия дар интизори посӯхи Сурия ва Эрон дар бораи нишасти Маскав аст
(last modified Thu, 09 Mar 2023 08:16:48 GMT )
Март 09, 2023 13:16 Asia/Dushanbe
  • Богданов: Русия дар интизори посӯхи Сурия ва Эрон дар бораи нишасти Маскав аст
    Богданов: Русия дар интизори посӯхи Сурия ва Эрон дар бораи нишасти Маскав аст

Муовини вазорати умури хориҷаи Русия гуфт: Маскав ва Анкара дар интизори посӯхи Дамишқ ва Теҳрон ба пешниҳоди баргузории нишасти муқаддимоти барои оддисозии равобити Сурия ва Туркия ба сар мебаранд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Богданов афзӯд: Ин нишасти фаннӣ дар сатҳи муовинати Вазорати умури  хориҷаи ин чаҳор кишвар барои омода кардани муқаддимоти нишасти вазирони умури хориҷаи онҳо, баргузор хоҳад шуд.

Вазирони дифоъӣ Русия, Сурия ва Туркия дар гуфтугӯҳои 28 декабр 2022 дар Маскав, дар бораи раванди оддисозии равобити Анкара ва Дамишқ аз масири ташкили камисиюни сеҷониба ва сипас баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи секишвар ба манзури фароҳам созии муқадимоти дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо Башор Асад раисони ҷумҳӯрии Туркия ва Сурия, тавофуқ карданд.

Барчасп