Март 12, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди тунди муовини собиқи раисиҷумҳури Амрико аз Трамп

Муовини собиқи раисиҷумҳури Амрико яке аз тундтарин интиқодҳо то ба имрӯзро алайҳи раисиҷумҳури собиқи ин кишвар дар мавриди ҳамла ба Конгресси Амрико дар соли 2021-ро бар забон ронд.

Ба гузориши ИРНА, Майк Пенс, муовини собиқи раисиҷумҳури Амрико шанбе шаби гузашта дар тундтарин интиқодҳо алайҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқ ин кишвар дар нишасти солонаи бошгоҳи The Gridiron Club, яке аз анҷуманҳои рӯзноманигорон дар Амрико гуфт, дар ниҳоият таърих Трампро мусаббиб ва масъули юриши ҳаводорони сафедпӯсти амрикоиаш ба Конгресси Амрико дар 6 январи 2021 хоҳад шинохт.

Рӯзи чаҳоршанбе шашуми январи 2021, гурӯҳе аз ҳаводорони Трамп ба бинои Конгресси Амрико ҳамла карданд.

Трамп пештар дар як суханронӣ дар ҷамъи ҳаводоронаш хоста буд то алайҳи ҷаласаи таъйиди пирӯзии интихоботии Ҷо Байден эътироз кунанд.

 

 

Барчасп