Саркӯби муътаризон дар Арабистон
(last modified 2016-07-29T15:16:43+00:00 )
Июл 29, 2016 20:16 Asia/Dushanbe
  • Саркӯби муътаризон дар Арабистон

Арабистон яке дигар аз шиаёни арабистониро ба эъдом маҳкум кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Алманор"-и Лубнон, додгоҳи ҷиноии Арабистон рӯзи ҷумъа яке аз ҷавонони минтақаи шианишини Ашшарқия дар устони Қатифро ба иттиҳоми мушорикат дар тазоҳуроти соли 2011 ба эъдом маҳкум кард.

Бар асоси ин ҳукм, теъдоди касоне, ки аз соли 2011 мелодӣ то кунун дар Қатиф ба эъдом маҳкум шудаанд, ба 30 нафар мерасад.

Бо афзоиши раванди саркӯбҳо дар Арабистон, дар ибтидои соли ҷории мелодӣ, режими Саудӣ чаҳор нафар аз шаҳрвандони Қатиф, аз ҷумла шайх Немер Боқир Немер, рӯҳонии барҷастаи шиаи ин кишварро эъдом кард.

Минтақаи Ашшарқияи Арабистон аз соли 2011 мелодӣ то кунун шоҳиди эътирозоти мардумӣ барои иҷрои ислоҳот аст.

Нерӯҳои амниятии режими Саудӣ ҳар аз гоҳе ба манотиқи мухталиф дар минтақаи Ашшарқия юриш мебаранд ва зимни юриш ба манозили шаҳрвандон, онҳоро боздошт мекунанд.

Созмони аврупоии мудофеи ҳуқуқи башар дар Арабистон аз ҷомеаи байналмилал хост, аз иҷрои ҳукми эъдом дар Арабистон ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳамакнун беш аз 50 нафар ба далели интиқод ва эътироз ба режими Оли Сауд бо хатари эъдом рӯбарӯ ҳастанд.

Режими Оли Сауд дар Арабистон аз ибтидои соли ҷории 2016 то кунун 106 нафарро эъдом кардааст.

Барчасп