Даъвати Трамп аз ҳаводоронаш барои баргузории тазоҳуроти густарда
Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико аз ҳаводорони худ хост пеш аз зиндонишуданаш тазоҳурот ба роҳ бияндозанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Трамп дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоъӣ " Truth Social" гуфт пеш аз он ки иттиҳоми зидди у дар додгоҳ расидаги ва парвандаи марбут ба як зани бозигар матраҳ шавад тарафдоронаш ба хиёбонҳо биёянд.
Трамп мутаҳам ба додани ҳақисукут ба ин зан шуда аст то аз фош шудани равобиташ бо у худдори кунанд.
Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико бо ишора ба хуруҷи иттилоъот аз дафтари додситонии иёлати Ню-Йорк дар минтақаи Манхэттен бо ҳуруфи бузург навишт: Номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки бисёр пештар аз рақибонаш дар интихоботи муқадимоти аст ва раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико рузи сешанбе боздошт хоҳад шуд тазоҳурот кунед кишвари моро пас бигиред.
Паҷн мақоми аршади амрикоӣ рузи ҷумъа эълом карданд ожонсҳои иҷрокунандаи қонуни федероли иёлати ва маҳаллӣ дар ҳоли анҷоми арзёбиҳои амниятии авалия дар минтақаи Манхэттен ҳастанд то барои кайфари хости Доналд Трамп омода шаванд.