Сентябр 26, 2016 12:10 Asia/Dushanbe

Қисмати 690 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 1-4

بسم الله الرحمن الرحيم

 

1

طسم

То, Син, Мим.

 

2

 تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ                      

 

Ин ояҳо  китоби равшангар аст.

 

3

نَتْلُوا عَلَيْكَ مِن نَّبَإِ مُوسَى وَفِرْعَوْنَ بِالْحَقِّ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ    

“Эй паёсбар!” мо бахше аз сагузашти Мусо ва Фиръавнро барои “Огоҳии” мардуме, ки имон меоваранд, ба дурустӣ бар ту мехонем.

 

 

Бо поён ёфтани сураи Намл,  тафсири сураи Қасасро оғоз мекунем, сурае, ки ҳаштод ва ҳашт оят дорад ва қабл аз ҳиҷрати паёмбар (с)  ба Мадина, дар Макка нозил шудааст. Ҳудуди чиҳил ояи ин сура, ки тақрибан ниме аз ояҳои онро дар бар мегирад, ба баёни саргузашти зиндагии ҳарати Мусо (а) аз таваллуд, кудакӣ,ҷавонӣ то издивоҷ ва расидан ба рисолати илоҳӣ ихтисос дорад.

Ин сура низ ҳаммонанди 28 сураи дигари Қуръон, бо ҳуруфи муқаттаа оғоз шуда ва билофосила пас аз он ба ояҳои китоби осмонӣ ишроа шудааст, чунон, ки пеш аз ин низ гуфтем шояд ишора ба ин ҳақиқат бошад, ки Худованд ояҳои ин китоби осмониро, ки муъҷизаи ҷовид аст, аз ҳамин ҳарфҳои алифбо, ки дар ихтиёр ҳамаи инсонҳо қарор дорад, таълиф кардааст, шумо низ агар метавонед аз ҳамин ҳарфҳо, ҳамонанди онро биёваред, он ҳам китобе, ки оёташ ҳамагӣ равшан ва равшангар аст ва ҳақро аз ботил ошкор намуда ва роҳи мустақимро аз бероҳа нишон медиҳад.

 

Идомаи ояҳо, ба баёни моҷарои ҳазрати Мусо (а) дар даврони Фиръавн ишора карда ва мефармояд: мо дар ин Қуръон, бар асоси воқеият ва ҳақиқат ва ба дур аз ҳаргуна матолиби нодуруст ва ғайри воқеӣ, саргузашти паёмбарон ва ақвоми гузаштаро баён мекунем. Ин бадон хотир аст, ки муъминон бидонанд, ки инсонҳои хуб ва бо имон дар аёми гузашта бо чӣ ранҷҳо ва мушкилоте мувоҷаҳ будаанд, онҳо  низ дар баробари мушкилот ва сахтиҳои замони худ, истиқомат ва пойдорӣ биварзанд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Аз онҷо, ки суннатҳои илоҳӣ дар таърих, қонунманд аст, шинохти суннатҳои илоҳӣ дар мавриди ақвоми пешин, метавонад дарси ибрате барои мо ва ояндагон бошад.

 

2- Мубориза бо тоғутҳо ва ситамгарон, шеваи паёмбарони илоҳӣ будааст ва муъминон бояд роҳи анбиёро сармашқи худ қарор диҳанд.

 

3- Достонҳои Қуръон, ҳама мубтанӣ бар воқеият аст ва тахайюл ва афсона ва матолиби ғайри воқеӣ дар онҳо роҳ надорад.

 

4

 

    إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِّنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَاءهُمْ وَيَسْتَحْيِي نِسَاءهُمْ إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ

Ҳамоно Фиръавн дар сарзамини “Миср” саркашӣ кард ва мардуми онҷоро фирқа – фирқа намуд, гуруҳе аз ононро ба забунӣ ва нотавонӣ кашонда, писаронашонро сар мебурид ва занонашонро “Барои канизӣ” зинда нигаҳ медошт . ба ростӣ ӯ аз муфсидон буд.

 

Ин оят ба вижагии султаҷуйии Фиръавн ишора карда ва мефармояд: Фиръавн барои заиф нагоҳ доштани қавми Банни Исроил ва ҳукумронӣ бар онҳо, аз шеваҳои мухталиф истифода мекард, ӯ бо эҷоди тафриқа миёни мардум, монеъ мешуд, ки онҳо бар зидди ӯ мутаҳид шуда ва бо ҳукумати золимонааш муқобила кунанд. Имрӯз низ сиёсати “Тафриқа бияндоз ва ҳукумат кун” сиёсате аст, ки қудратҳои бузург барои тасаллут баркишварҳо ва миллатҳои мухталиф аз он баҳра мегиранд.

Фиръавн, сокинони бумии Мисрро, ки аз Қибтиён буданд, аз анвои имконоти рифоҳӣ ва зиндагӣ баҳраманд сохта буд ва ҳамаи мансабҳои ҳукуматиро ба онон супурда буд. Дар муқобил, Банни Исроилро, ки ба Миср муҳоҷират карда буданд, ба унвони ғулом ва барда ва каниз дар хидмати Қитбиён қарор дода буд, корҳои сахт ва тоқатфарсоро бар души онҳо мегузошт, бе он, ки баҳрае аз зиндагии табии дошта бошанд.

Фиръавни туғёнгар ҳангоме, ки аз ҷониби Банни Исроил эҳсоси хатар кард, дастур дод ҳар навзодеро, ки аз онон мутаввалид мешавад, агар духтар бошад ҳифз кунанд то канизон ва хидматкоронашон афзун шавад ва агар писар бошад аз дами теғ бигзаронанд. Ӯ бо ин равиш мехост пеши афзоиши ҷамъияти ҷавонон ва мардони Банни Исроилро бигирад то онҳо натавонанд зидди дастгоҳи ҳукуматии ӯ шуриш ва қиём кунанд. Дар ҳамин давра буд, ки Мусо (а) мутаввалид шуд ва модари ӯ барои ҳифзи ҷони фарзандаш, маҷбур шуд Мусо (а) ро дар сандуқчае гузорида ва ӯро ба руди Нил биспорад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

1-То замоне, ки мардум итиҳод ва ҳамбастагӣ дошта бошанд, ҳукуматҳои ситамгар наметавонанд бар онҳо султа ёбанд, ба ҳамин далил қудратҳои ситамгар ва истикборӣ ҳамвора дар садади эйҷоди тафриқа дар миёни миллатҳо ҳастанд.

 

2- Куштани рӯҳияи ҷавонмардӣ ва мардонагӣ дар мардон ва баҳракашӣ аз духтарон ва занон таҳти унвони зебои занон, сиёсате аст, ки имрӯза низ дар дунёи мудерн ба шаклҳои  гунонгун аз он истифода мешавад.