Сентябр 26, 2016 13:23 Asia/Dushanbe

Қисмати 692 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 9-13

 

9

    وَقَالَتِ امْرَأَتُ فِرْعَوْنَ قُرَّتُ عَيْنٍ لِّي وَلَكَ لَا تَقْتُلُوهُ عَسَى أَن يَنفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ                

"Ва ҳамсари Фиръавн гуфт: “Ин навзод” нури чашми ман ва ту хоҳад буд, ӯро накушед, шояд барои мо сӯдманд бошад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем, вале онҳо намефаҳманд “Ки чӣ касеро дар оғуши хеш мепарваронанд”

Дар ояҳои қабл гуфтем, ки Фиръавн ва ҳамсараш дар канори кох дар соҳили рӯди Нил нишаста буданд, ки ногоҳ чашмашон ба сандуқчае саргардон бар об афтод. Фиръавн дастур дод сандуқчаро аз об бигиранд ва чун онро кушуданд, навзодеро дар он ёфтанд, тибқи ҳукми Фиръавн бояд ин навзод писаре, ки аз Бани Исроил буд, кушта мешуд. Лизо сарбозон дар садади ин кор баромаданд, ки Осия ҳамсари Фиръавн рӯ ба Фиръавн кард ва гуфт: Ба чӣ далил мехоҳед ӯро бикушед, ин навзод метавонад мояи хуш бахтӣ ва баракат дар хонаводаи мо бошад ва чашми мо ба дидани ӯ равшан шавад, мо, ки писаре надорем, метавонем ӯро ба фарзандӣ бигирем ва ҳамчун фарзанди худамон ӯро бузург кунем то дар оянда вориси тоҷ ва тахти ту ва хонадони ту бошад.

Суханони отифӣ ва ҳаяҷонии ҳамсари Фиръавн боис шуд, ки Фиръавн аз куштани навзод сарфи назар кунад ва дастур дод навзодро дар қаср нигаҳдорӣ кунанд, дар ҳақиқат онҳо аз тақдири илоҳӣ огоҳӣ надоштанд, ки Худо муқаддар кардааст, Фиръавн худ ҳофизи ҷони душманаш бошад ва он ҳамаи тавтиа барои куштани навзодони Бани Исроил хунсо гардад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Зан метавонад масири таърих ва сарнавишти як умматро таъғир диҳад, ҳамсари Фиръавн бо ҷилавгирӣ аз куштани Мусо (а), қавми Бани Исроилро аз чанголи фиръавниён наҷот дод ва масири таърихро иваз кард.

2- Дилҳо ба дасти Худост, агар Ӯ ирода кунад, метавонад сахтарин дилҳоро низ нарм кунад, чунон, ки қалби Фиръавн сангдил нисбат ба касе, ки худаш ҳукми қатли ӯро “Монанди соири навзодони писари Бани Исроил” содир карда буд, нарм шуд ва кафолати ӯро пазируфт.

 

10

 

    وَأَصْبَحَ فُؤَادُ أُمِّ مُوسَى فَارِغًا إِن كَادَتْ لَتُبْدِي بِهِ لَوْلَا أَن رَّبَطْنَا عَلَى قَلْبِهَا لِتَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ              

Ва дили модари Мусо “Аз ҳар чиз  ҷуз фикри фарзанд”таҳӣ шуд, “Чунон, ки” агар дилашро устувор насохта будем то аз имон оварандагон “Ба ваъдаҳои илоҳӣ” бошад, наздик буд, ки он “Роз”- ро фош кунад.

 

11

    وَقَالَتْ لِأُخْتِهِ قُصِّيهِ فَبَصُرَتْ بِهِ عَن جُنُبٍ وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ

Ва ба хоҳари ӯ “Хоҳари Мусо” гуфт: Ӯро дунбол кун “Аз паи ӯ бирав” пас аз дур ӯро менигарист, менигарист, дар ҳоле, ки онҳо “Фиръавниён” мутаваҷҷеҳ набуданд.

 

Пас аз он, ки модари Мусо (а) навзодашро ба амвоҷи Нил супурд, қалбаш чунон туфонӣ ва музтариб шуд, ки ором ва қарор надошт, наздик буд, ки худ ба роҳ афтад то сандуқро аз об бигирад ва навзодашро наҷод диҳад, аммо ҳамон Худое, ки ба ӯ илҳом кард навзодашро дар сандуқе ба амвоҷи об биспорид, қалби ӯро маҳкам ва устувор сохт то ба ваъдаи илоҳӣ дар мавриди ин, ки фарзандашро ба ӯ боз мегардонад, мутмаин шавад ва оромиш ёбад. Лизо ба ҷойи он, ки худ ҳаракати ошкоре анҷом диҳад, хоҳари Мусо (а) ро маъмур сохт то аз дур сандуқро зери назар дошта бошад ва бубинад сандуқ ба куҷо меравад ва чӣ итифоқе барои он рух медиҳад, оё касе онро аз об мегирад ё ҳачунон ба масираш идома медиҳад,

Хоҳари Мусо (а) низ маъмуряташро ба хубӣ анҷом дод ва ба дӯр аз чашми маъмурони ҳукуматӣ, сандуқро дунбол кард, ҳангоми гирифтани сандуқ аз об низ маъмурон ӯро надиданд, вагарна мефаҳмиданд  миёни ӯ ва ин навзод робитае аст, ки ба дунболи сандуқ ба роҳ афтодааст.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Роз дорӣ яке аз вижагиҳои аҳлли имон ва ифшои асрор, аз нишонаҳои  заъфи имон аст ба вижа дар баробари душманони дин, ки ба дунболи кашфи асрори муборизон ва муҷоҳидон ҳастанд то онҳоро сар ба нест кунанд.

2- Оромиши хотир ва дили мутмаин ва ором, аз осори имон ба Худо ва ваъдаҳои Ӯст.

 

3- Таваккул ба Худо ба маънои иқдом накардан ва бетафовутӣ дар умур нест, модари Мусо (а) бо он, ки ба Худо таваккул кард, аммо духтарашро барои пайгирии мавзуъ фиристод. Зарбулмасали форсӣ низ ҳамин нуктаро тайид мекунад: Бо таваккул зонӯйи шутур бибанд.

12

وَحَرَّمْنَا عَلَيْهِ الْمَرَاضِعَ مِن قَبْلُ فَقَالَتْ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَى أَهْلِ بَيْتٍ يَكْفُلُونَهُ لَكُمْ وَهُمْ لَهُ نَاصِحُونَ                 

 

Ва мо “Шири” занони ширдеҳро аз пеш бар ӯ ҳаром кардем, пас "Хоҳари Мусо" гуфт: Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае роҳнамоӣ кунам, ки сарпарастии ӯро барои шумо ба уҳда гиранд ва хайрхоҳӣ ӯ бошанд?

 

13   

 

    فَرَدَدْنَاهُ إِلَى أُمِّهِ كَيْ تَقَرَّ عَيْنُهَا وَلَا تَحْزَنَ وَلِتَعْلَمَ أَنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَلَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ                     

 

Пас мо “Бадинсон” ӯро ба модараш бозгардондем то чашмаш “Ба дидори фарзандаш” равшан шавад ва андуҳ нахурад ва бидонад, ки ваъдаи Худованд ҳақ аст, вале бештари онон намедонанд.

 

Ба таври табиӣ навзоде, ки чанд соате аз модараш ҷудо шуда, гурусна ва ташнааст ва гиря ва бетобӣ мекунад.

Фиръавн дастур дод, ки барои навзод ба дунболи дояе бигардад, аммо ба иродаи Худованд, навзоди гурусна, пистони ҳеҷ дояеро намегирифт ва шир намехурд, маъмурон ба сутуҳ “Хаста шудан , ба танг омадан” ва намедонистанд бо ин навзоди беқарор чӣ  кунанд!

Дар ин миён, хоҳари Мусо (а) бидуни он,ки чизе бигуяд, ки фиръавниён машкук шаванд, модарашро ба унвони дояе муарифӣ кард, ки бисёр бо муҳаббат аст ва метавонад аз ин навзод дар хонааш ба хубӣ муроқибат кунад.

Маъмурон ба ночор ин пешниҳодро пазируфтанд ва бе он,ки худ бидонанд,  навзодро ба оғуши гарми модараш супурданд, навзод ором гирифт ва онҳо низ аз анҷоми дурӯстӣ маъмуряташон хушҳол буданд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Дар баробари душман бояд зирак буд ва бе он,ки ӯ мутаваҷҷеҳ шавад, нақшаи худро дунбол кард “Хоҳари Мусо (а), номе аз модараш ба миён наёвард ва онро ба сурати ношинос зикр кард”

 

2- Ба ваъдаҳои илоҳӣ дар дунё ва охират эътимод кунем ва корҳои Худоро бо мизон ва меъёрҳои маҳдуди модӣ насанҷем.

 

3- Фарзанд мояи оромиши рӯҳ ва ҷони модар аст, модароне, ки аз фарзандор шудан дурӣ мегузинанд ва гумон мекунанд надоштани фарзанд, сабаби роҳатии онҳост, дарвоқеъ худро аз лаззати унс бо фарзанд маҳрум мекунанд.