Сентябр 26, 2016 13:51 Asia/Dushanbe

Қисмати 693 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 14-17

14

    وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَاسْتَوَى آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَكَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ                                    

 

Ва чун Мусо ба рушд ва камоли “Ҷисмӣ ва ақлӣ” худ расид, ба ӯ ҳикмат ва дониш атто кардем ва мо ин гуна некукоронро подош медиҳем.

 

Ин ояҳо ба баҳси дигарон аз достони зиндагии ҳазрати Мусо (а) ишора карда ва мефармояд: Ҳангоме, ки Мусо (а) ба даврони ҷавонӣ расид, Худованд бо тақвияти нерӯйи фикр ва ақл ва илҳомҳои илоҳӣ, ба ӯ дониш ва бинише атто кард, ки битавонад ҳақоиқро бифаҳмад ва миёни ҳақ ва ботил ба дурӯстӣ доварӣ кунад, лозим ба зикр аст, ки ҳангоми ҷавонӣ, авҷи нерумандӣ ва устувории ҳар инсоне дар тули зиндагии ӯст, лутфи илоҳӣ ба ҳазрати Мусо (а), ба хотири покӣ ва шоистагии ӯ буд, ки зарфияти чунин иноятеро касб карда буд. Бар асоси ин оят, ҳар кас аҳли эҳсон бошад, лутфи илоҳиро дарёфт хоҳад кард, албата ин ба ҷуз ваҳӣ ва набувват аст, ки баъдан ба Мусо (а) дода шуд ва ба ӯ мақоми паёмбарӣ расид.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки :

 

1-Давраи ҷавонӣ, беҳтарин даврони зиндагии инсон аст, зеро дар ин даврон, тавони ҷисмӣ бо рушди ақлӣ дар канори якдигар қарор гирифта ва бистари камоли инсон фароҳам мешавад.

 

2- Некӣ ба дигарон ва некукор будан, заминаи дарёфти алтофи вижаи илоҳиро фароҳам мекунад.

 

15  

 

    وَدَخَلَ الْمَدِينَةَ عَلَى حِينِ غَفْلَةٍ مِّنْ أَهْلِهَا فَوَجَدَ فِيهَا رَجُلَيْنِ يَقْتَتِلَانِ هَذَا مِن شِيعَتِهِ وَهَذَا مِنْ عَدُوِّهِ فَاسْتَغَاثَهُ الَّذِي مِن شِيعَتِهِ عَلَى الَّذِي مِنْ عَدُوِّهِ فَوَكَزَهُ مُوسَى فَقَضَى عَلَيْهِ قَالَ هَذَا مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ إِنَّهُ عَدُوٌّ مُّضِلٌّ مُّبِينٌ                     

Ва Мусо вориди шаҳр шуд, дар ҳоле, ки аҳлли он “Аз вуруди ӯ ва ончӣ дар шаҳр мегузашт” бехабар буданд, пас дар онҷо ду мардро дид, ки бо якдигар низоъ ва зад ва хурд мекарданд, яке аз пайравони ӯ ва дигаре аз душманонаш буд, пас он, ки аз пайравони ӯ “Мусо” буд, аз ӯ дар баробари душманаш ёрӣ хост, пас Мусо (а) муште бар ӯ зад ва ӯро кушт, “Мусо бо худ” гуфт: ин “Душманӣ ва низоъ” аз кори шайтон аст, ҳамоно ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкоре аст.

 

Ҳазрати Мусо (а) то даврони ҷавонӣ дар кохи Фиръавн зиндагӣ мекард ва ҳамчун дигар аъзои кох аз шароити муносиби зиндагӣ ва низ омӯзишҳои размӣ бархурдор буд, як рӯз, ки аз кох ба шаҳр омада буд ва дар миёни кучаҳо қадам мезад, ду нафарро дид, ки бо якдигар низоъ мекунанд ва то сар ҳадди марг якдигарро мезананд, яке аз қавми Бани Исроил ва дигаре аз Қбтиёни Миср он,ки ҳамкеши Мусо (а) ва аз қавми Бани Исроил буд, Мусоро шинохт ва аз ӯ дархости кӯмак кард, Мусо (а) , ки ӯро мазлум ёфт, ба ёрияш шитофт ва бо зарбаи муште марди Қбтиро барзамин андохт, аммо афтодани ӯ ҳамзамон ба мурдани ӯ сабаб шуд /худи Мусо (а) ҳам фикр намекард, ки зарби дасти ӯ чунин қавӣ ва корсоз бошад, ки бо як зарба душманро аз по дароварда ва кори ӯро бисозад, Мусо (а) қасти куштани он мардро надошт ва фақат ва фақат ба хотири дифоъ аз як инсони мавриди ситам, даст ба чунин коре зад, бо ин ҳол, марди Кбтӣ, тоб наёвард ва ҷони хешро аз даст дод.

Инҷо буд, ки Мусо (а) ба маншаи ин даргирӣ ва низоъ таваҷҷӯҳ кард ва гуфт: Решаи ҳамаи низоъҳо ва кинаҳо шайтон аст, ки миёни афроди башар даргирӣ эҷод мекунад. Дар воқеъ ӯ душмани инсонҳост ва бо гумроҳ кардани онҳо, онҳоро ба ҷони ҳам меандозад.

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Бо ин, ки Мусо (а) дар кохи Фиръавн бузург шуда буд, аммо ҳомии мазлумон буд, на золимон чунон, ки Осия ҳамсари Фиръавн низ дар кох зиндагӣ мекард, аммо ба Мусо (а) имон овард ва дар ин роҳ ҷони хешро фидо намуд.

 

2- Анбиё афроди ҷавонмард, мазлумнавоз ва зулмситез буданд ва барои дифоъ аз мазлумон, ба муқобила бо золимон бармехостанд.

 

3- Эҷоди даргирӣ миёни мардум, кори шайтон аст, лизо бояд ғазаби худро кантрол кунем ва иҷоза надиҳем шайтон бар мо мусаллат шавад.

16

 

    قَالَ رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي فَاغْفِرْ لِي فَغَفَرَ لَهُ إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ                                           

Мусо гуфт: Парвардигоро! Ба хештан ситам кардам, пас маро бубахш, пас Худованд ӯро омӯрзид ба дурустӣ, ки ӯ омӯрзандаи меҳрубон аст.

 

17

 

    قَالَ رَبِّ بِمَا أَنْعَمْتَ عَلَيَّ فَلَنْ أَكُونَ ظَهِيرًا لِّلْمُجْرِمِينَ

Мусо гуфт: Парвардигоро ба хотири неъмате, ки ба ман арзонӣ дошти, ҳаргиз пуштибони муҷримон нахоҳам буд.

 

Бо кушташудани марди Қбтӣ, табиӣ буд, ки дигар Қбтиён дар садади таъқиби қотили ӯ бароянд, то ӯро дастгир карда ва  қасос кунанд. Мусо (а) бо зарбаи мушти худ бар марди Қбтӣ, ба гунае бархуд ситам кард, зеро ин кор боис шуд, ки дар маърази хатар қарор гирад ва Қбтиён дар пайи дастгирии ӯ бошанд. Ҳазрати Мусо (а) ба хотири ин моҷаро, гунаҳкор маҳсуб намешавад, аммо ин амал, мӯҷиб шуд кори ӯ  дар мароҳили баъдӣ бо душворӣ мувоҷҷаҳ шавад, лизо аз Худованд хост, ки агар дар анҷоми вазифа кӯтоҳӣ кардааст, ӯро бибахшояд, авоқиби корашро хунсо кунад ва ӯро аз шарри фиръавниён наҷот диҳад. Худованд низ чунин кард ва ӯ ба дасти Қбтиён гирифтор нашуд, онгоҳ ҳазрати Мусо (а) бо Худо аҳд баст, ки ба шукронаи ин лутфи илоҳӣ, ки ӯ гирифтори душманон нашуд то поёни умр аз муҷримон пуштибонӣ накунад ва ёвари ситамгарон набошад лизо дигар ба кохи Фиръавн боз нагашт ва робитаи худро бо онон қатъ намуд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:

 

1-Дар наҷоти муъминон аз дасти золимон, бояд эҳтиёт ва муроқибат кард то ҷойи мумкини хатаре пеш наёяд ва авоқиб ва осебҳои нохостае ба дунбол надошта бошад.

 

2- Кори иштибоҳ ё хилоф ҳатто аз рӯйи қасдан набошад, дар ҳар ҳол дорои бархе осори табиӣ ва вазъӣ аст.

 

3- Шукронаи бозӯйи тавоно, ёрии мазлумон ва парҳез аз ҳамкорӣ бо золимон ва муҷримон аст.