Сентябр 26, 2016 14:09 Asia/Dushanbe

Қисмати 694 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 18-21

18

 

    فَأَصْبَحَ فِي الْمَدِينَةِ خَائِفًا يَتَرَقَّبُ فَإِذَا الَّذِي اسْتَنصَرَهُ بِالْأَمْسِ يَسْتَصْرِخُهُ قَالَ لَهُ مُوسَى إِنَّكَ لَغَوِيٌّ مُّبِينٌ            

 

“Аз он пас Мусо” дар шаҳр нигарон ва тарсон гардид, пас ногаҳон “Дид” ҳамон касе, ки дирӯз аз ӯ ёрӣ талабида буд, бо фарёд аз ӯ кӯмак мехост, Мусо ба ӯ гуфт: Ба ростӣ ту дар гумроҳиӣ ошкоре ҳасти.

 

19

 

    فَلَمَّا أَنْ أَرَادَ أَن يَبْطِشَ بِالَّذِي هُوَ عَدُوٌّ لَّهُمَا قَالَ يَا مُوسَى أَتُرِيدُ أَن تَقْتُلَنِي كَمَا قَتَلْتَ نَفْسًا بِالْأَمْسِ إِن تُرِيدُ إِلَّا أَن تَكُونَ  جَبَّارًا فِي الْأَرْضِ وَمَا تُرِيدُ أَن تَكُونَ مِنَ الْمُصْلِحِينَ               

 

Пас ҳангоме, ки Мусо хост бо касе, ки душмани ҳар дуи онҳо буд, ба сахтӣ бархурд кунад, ӯ гуфт: Эй Мусо! Оё мехоҳи маро бикуши ҳамон гунае, ки дирӯз инсонеро кушти? Ту ҷуз ин намехоҳи, ки дар ин сарзамин гарданкашӣ куни ва намехоҳи, ки аз муслиҳон боши.

 

Дар ояҳои қабл гуфтем, ки ҳазрати Мусо (а) пас аз расидан ба даврони ҷавонӣ аз кохи Фиръавн хориҷ шуд ва ба миёни мардум омад, дар он даврон, Бани Исроил таҳти ситами шадиди фиръавниён ва Қбтиён буданд, ӯ дар шаҳр ба моҷарое бархурд, ки як Қбтӣ бо марде аз Бани Исроил даргир шуда ва ӯро мазруб месохт, Мусо (а) ба кӯмаки марди мазлум шитофт ва зарбае ба Қбтӣ зад, ки нохоста мӯҷиби марги ӯ шуд.

Ин ояҳо мефармояд: Баъд аз ин моҷаро, Мусо (а) дигар ба кох бознагашт ва ба сурати махфӣ дар шаҳр монд, ӯ аз ин,ки ба дасти маъмурони Фиръавн дастгир шавад, нигарон ва ҳаросон буд, то он,ки рӯзи баъд ҳамон марди Бани Исроилро дид, ки бо фарди дигаре даргир шудааст ва аз ӯ кӯмак мехоҳад. Мусо (а) ибтидо ба ӯ гуфт: Ту фарди ҷоҳил ва бетадбири,ки ҳар рӯз бо яке аз Қбтиён ба баҳонае даргир мешави ва ҷони худат ва дигаронро ба хатар меандозӣ, ин кори ту на танҳо фоидае надорад, балки мушкилотеро ҳам барои Бани Исроил эҷод мекунад.

Аммо ба ҳар ҳол, ӯ мазлум буд ва дар чанголи золим гирифтор шуда буд, лизо Мусо (а) ба ёриаш шитофт ва ӯро танҳо нагузошт, албатта ин бор ба ҷойи зарба задан, бо қудрати тамом марди Қбтиро гирифт то монеи мазруб шудани фарди мазлум шавад.

 

Аз ин оҳо меомӯзем, ки:

 

1-Дар мубориза бо душман, набояд бебарнома вориди майдон шуд ва бидуни он,ки натиҷае ҳосил шавад, барои худ ва дигарон, мушкил эҷод кард.

 

2- Дар баробари иштибоҳҳо ва хилофҳои дӯстон, бояд аз онҳо интиқод кард, дар айни ҳол набояд онҳоро дар баробари душмани ситамкор танҳо гузошт ва раҳо кард.

 

3- Дар баробари душман бояд бо қудрат истод ва бо тамоми тавон муқобила кард.

 

 

 

20

 

    وَجَاء رَجُلٌ مِّنْ أَقْصَى الْمَدِينَةِ يَسْعَى قَالَ يَا مُوسَى إِنَّ الْمَلَأَ يَأْتَمِرُونَ بِكَ لِيَقْتُلُوكَ فَاخْرُجْ إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ           

 

Ва “Дар ин ҳангом” марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр, шитобон “Ба сӯйи ӯ” омад ва гуфт: Эй Мусо! Ҳамоно сарони қавм дар бораи ту машварат мекунанд то туро бикушанд, пас “Фавран аз шаҳр” хориҷ шав, ки ман аз хайрхоҳони ту ҳастам.

 

21  

 

    فَخَرَجَ مِنْهَا خَائِفًا يَتَرَقَّبُ قَالَ رَبِّ نَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ

 

Пас Мусо аз шаҳр хориҷ шуд дар ҳоле,ки нигарон ва ҳаросон буд ва “Ҳар лаҳза ҳодисаеро” интизор мекашид гуфт: Парвардигоро! Маро аз ин қавми ситамгар наҷот деҳ.

 

Ончӣ дар шаҳр иттифоқ афтода буд, хабараш ба дарбори Фиръавн расид: Даргирии марде аз Бани Исоил, ки ғулом буд, бо ду марди Қбтӣ, он ҳам дар ду рӯз пай дар пай ва дар ин миён Мусо (а) ҳар ду бор ба кӯмаки ғуломи Бани Исроил омада ва ӯро наҷот дода ва Қбтиҳоро шикаст додааст.

Ин хабар барои сарони дарбор қобили таҳаммул набуд, лизо ба иттифоқ рай доданд, ки бояд Мусо (а) кушта шавад то дигар касе ҷуръат накунад дар баробари Қбтиён биистад.

Пеш аз он,ки маъмурон даст ба кор шаванд ва иқдоме кунанд, марде,ки аз наздикони Фиръавн буд аз моҷаро муталиъ шуд, ӯ било фосила ба шаҳр омад ва ба Мусо (а) хабар дод, ки чунин тасмимеро дар бораи ту гирифтаанд, пас барои наҷоти худат фавран шаҳрро тарк кун, ин мард, ки номаш дар ривоятҳои таърихӣ “Ҳазақил” зикр шуда, баъд аз набуввати ҳазрати Мусо (а) ба ӯ имон овард ва ба муъмини оли Фиръавн машҳур шуд, ӯ ҳамчун ҳамсари Фиръавн, гарчӣ дар кох зиндагӣ мекард, аммо низоми фиръавниро қабул надошт ва дар интизори қиёме алайҳи Фиръавн буд, вақте, ки ӯ иқдоми Мусоро дид, эҳсос кард ин фард шаҳомат ва тавоноии  лозим барои қиём алайҳи Фиръавнро  дорад, лизо барои ҳифзи чони ӯ ба шаҳр омад то ӯро аз хатар наҷот диҳад.

Ба ҳар ҳол, Мусо (а) хабари ин мардро ҷиддӣ гирифт ва дар ҳоле аз шаҳр хориҷ шуд, ки муроқиби худ буд. Ӯ аз ҳар сӯ интизори ҳодисаеро дошт, лизо аз Худованд хост ӯро кӯмак кунад то ба саломат аз Миср берун равад ва аз шарри ситамгарон наҷот ёбад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Кӯмак ба золимон мамнуъ аст, вале вуруд ва нуфуз дар дастгоҳи золимон, барои кӯмак ба маҳрумон ва мазлумон ва пешгирӣ аз зулм бештар, кори писандидае аст.

 

2- Агар мо барои Худо кор кунем, Худованд ба ҳангоми хатар ба мо кӯмак карда ва моро ҳифз мекунад.

 

3- Гоҳ, хабаррасонӣ ба мавқеъ ва суръати амал, сарнавишти як миллатро таъғир медиҳад. “Агар он марди тарафдори Мусо (а), ахборро ба мавқеъ ба Мусо (а) намерасонд ва он ҳазрат аз шаҳр бирун намерафт, чӣ басо ба дасти маъмурони Фиръавн кушта мешуд”

 

4- Дар миёни кохнишинон мумкин аст афродӣ ҳақталаб бошанд ва дар ин кохнишинон низ чӣ басо афроде пайравӣ ботил бошанд дар ҳарсурат, милоки “Асл, моя” ҳақ ва ботил аст на маҳалли сукунат ва зиндагии афрод.