Сентябр 26, 2016 14:31 Asia/Dushanbe

Қисмати 696 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 26-28

26

 

    قَالَتْ إِحْدَاهُمَا يَا أَبَتِ اسْتَأْجِرْهُ إِنَّ خَيْرَ مَنِ اسْتَأْجَرْتَ الْقَوِيُّ الْأَمِينُ                                       

 

Яке аз  он ду “Духтар ба падараш Шуайб” гуфт: Эй падар! Ӯро истихдом кун, “Ба кор қабул кардан”  бегумон беҳтарин касе,ки истихдом мекунӣ, касе аст, ки нерӯманд ва амин бошад.

 

Дар ояҳои қабл гуфтем, ки Мусо (а) ба духтарони Шуайб (а) дар об додан ба гусфандон кӯмак кард ва ҳазрати Шуайб (а) ӯро ба манзили худ даъват намуд то подоши заҳматҳои ӯро бипардозад. Ин оят мефармояд: Духтаре, ки аз ҷониби падар маъмур шуд Мусо (а) ро ба хона даъват кунад ва роҳнамои ӯ дар расидан ба манзил бошад, ба падараш пешниҳод дод, ки ӯро барои чупонӣ истихдом (Ба кор бигирад)  кунад то духтарон маҷбур набошанд ҳар рӯз гусфандонро ба биёбон бибаранд.

Ӯ барои ин пешниҳоди худ ба ду вижагии Мусо (а) ишора кард: Яке қудрати баданӣ ва дигаре амонатдории ӯ зурбозӯйи Мусо (а) ҳангоме мушахас шуд, ки ӯ ба танҳоӣ далвҳои "Зарф ё сатели резини, ки бо ун аз чоҳ об мегиранд” сангини обро аз чоҳ кашид ва ба ҳамаи гусфандон об дод. Аммо покӣ ва дурӯсткории Мусо (а) замоне бурӯз кард, ки дар масири омадан ба хонаи ҳазрати Шуайб (а), ба ҷойи он,ки духтар ҷулутар биравад то Мусоро роҳнамоӣ кунад, Мусо (а) хост, ки худаш пештар биравад ва ҳарҷо лозим буд духтар аз пушти сар ӯро роҳнамоӣ кунад то мабодо чашмҳои ӯ ба қомати он зани ҷавон бияфтад.

 

Аз ин оят меомӯзем,ки:

 

1-Фарзандон, чӣ духтар ё чӣ писар, ҳақ доранд ончиро ба назарашон дурӯст аст, бо дилил ва мантиқ ба бузӯргтарҳои хонавода пешниҳод диҳанд ва дар ин хусус тафовуте миёни духтар ва писар нест.

 

2- Барои истихдом ва бакоргирии афрод бояд мутаносиб бо навъи кор, беҳтаринҳо гузиниш шаванд.

 

3- Дар унсури тавоноӣ ва амонатдорӣ ва ба иборати дигар тахасус ва тааҳуд, ду вижагии лозим барои супурдани масъулятҳо ба афрод аст.

 

27

 

    قَالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هَاتَيْنِ عَلَى أَن تَأْجُرَنِي ثَمَانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْرًا فَمِنْ عِندِكَ وَمَا أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ  عَلَيْكَ سَتَجِدُنِي إِن شَاء اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ                

 

“Шуайб ба Мусо” гуфт: Ҳехоҳам яке аз ин ду духтарамро ба ҳамсарии ту дароварам ба шарти он,ки ҳаштсол барои ман кор кунӣ ва агар онро ба даҳсол бирасонӣ, ихтиёраш бо худи туст ва ман намехоҳам бар ту сахт бигирам. Агар Худо хоҳад маро аз солиҳон  хоҳи ёфт.

 

28

    قَالَ ذَلِكَ بَيْنِي وَبَيْنَكَ أَيَّمَا الْأَجَلَيْنِ قَضَيْتُ فَلَا عُدْوَانَ عَلَيَّ وَاللَّهُ عَلَى مَا نَقُولُ وَكِيلٌ                     

 

Мусо гуфт: Ин қарор миёни ман ва ту бошад, ҳар як аз ду замонро ба анҷом расондам, ситаме бар ман нахоҳад буд ва Худованд бар ончӣ мегуем “Гувоҳ ва” вакил аст.

 

Ҳазрати Шуайб (а) пешниҳоди духтарашро дар мавриди истихдоми Мусо (а) барои чупонии гусфандҳо пазируфт, аммо наметавонист бипазирад як марди ҷавони муҷарад дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад, дар ҳоле, ки ду духтари ҷавон дар хона дошт, лизо ба Мусо (а) пешниҳод кард, ки бо яке аз духтаронаш издивоҷ кунад то битавонад дар хонаи онҳо зиндагӣ кунад, аммо чун мехост кори чупонӣ ва чарои  гусфандон бар замин намонад,   бо ӯ шарт кард, ки пас аз издивоҷ бо духтараш, ҳадиақал ҳашт сол назди онҳо бимонад ва кори чупониро анҷом диҳад.

Ӯ намехост Мусо (а) пас аз издивоҷ, дасти ҳамсарашро бигирад ва аз хонаводаи онҳо ҷудо шавад, ки дар ин сурат натанҳо ба онҳо кӯмаке накарда, балки яке аз духтаронашро, ки кӯмаккори падар дар чупонӣ буда, аз ӯ гирифтааст.

Лизо ҳазрати Шуайб (а), издивоҷро ба шарти чупонӣ матраҳ кард, ки дар он манофеи тарафайн таъмин мешуд, аз як сӯ мушкили маскан, ҳамсар ва маоши Мусо (а) ҳал мешуд ва аз сӯйи дигар, духтарони Шуайб (а) ба ҷойи рафтан ба биёбони ноамн ва чупонии гусфандон, дар хонаи амн мемонданд ва маоши хонавода низ таъмин мешуд.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ҳаштсоли чупонии Мусо (а), чӣ маҳрияи он духтар бошад, ё шарт зимни ақди ӯ, дар ҳар ҳол пешниҳод ва хостаи духтар буда ва манфиаташ низ барои ӯ будааст на падар зеро вақте духтаре маҷбур аст ба хотири пирии падар, ҳар рӯз роҳии биёбон шавад ва гусфандонро ба чаро бибарад, орзӯяш он аст, ки ҷавонӣ пок ва баруманд ӯро ба ҳамсари дароварад ва ин масулятро бар уҳда бигирад, то ӯ аз анҷоми ин кори сангин раҳоӣ ёбад.

Дар айни ҳол, ҳазрати Шуайб (а) дар ҳангоми ироаи ин пешниҳод ба Мусо (а) таъкид мекунад, ки мо намехоҳем бар ту сахт бигирем ва туро ба машақат бияндозем, ту низ ҳар назаре дорӣ бигу то мо бишнавем. Мусо (а) пешниҳоди издивоҷро ба шарти он, ки барои онҳо чупонӣ кунад, мепазирад ва мегуяд: ҳаштсол дар инҷо мемонам ва шартро ба ҷо меоварам, агар ҳам хостам ду сол бештар назди шумо мемонам ва дар он муддат ҳам чупонӣ мекунам то ҳам зиндагии худам таъмин шавад, ва  ҳам умури зиндагии шумо ҷараён ёбад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Агар ҷавонӣ пок, дурусткор ва амин бошад, пешниҳоди издивоҷ ба ӯ аз сӯйи падар ё ақвоми духтар, монее надорад.

 

2- Барои саломати муҳитҳои мухталит, издивоҷ муқадам бар иштиғол аст.

 

3- Барои муаян кардани маҳрияи духтаре, ки қасди издивоҷ дорад, тавони домодро дар назар бигиред ва ӯро дар тангӣ қарор надиҳед.