Сентябр 26, 2016 15:08 Asia/Dushanbe

Қисмати 698 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 33-37

33

 

               قَالَ رَبِّ إِنِّي قَتَلْتُ مِنْهُمْ نَفْسًا فَأَخَافُ أَن يَقْتُلُونِ

Мусо гуфт: Парвардигоро! Ман як нафар аз онон “Фиръавниён”-ро гуштам ва метарсам маро ба қатл бирасонанд.

 

34

 

    وَأَخِي هَارُونُ هُوَ أَفْصَحُ مِنِّي لِسَانًا فَأَرْسِلْهُ مَعِيَ رِدْءًا يُصَدِّقُنِي إِنِّي أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ               

 

Ва бародарам Ҳорунро, ки забонаш аз ман гӯётар аст, ҳамроҳи ман бифирист то ёвари ман бошад ва маро тасдиқ кунад, зеро метарсам маро такзиб кунанд.

 

Дар ояҳои қабл гуфтем, ки Худованд дар кӯҳи Тур, ба ҳазрати Мусо (а) маъмурят дод ба дарбори Фиръавн биравад ва ӯ ва атрофиёнашро ба сӯйи Худои ягона даъват кунад.

Ин ояҳо мефармояд: Ҳазрати Мусо (а) дар роҳи анҷоми ин маъмурят, ду мушкилро матраҳ кард, як моҷарои ҳимояти ӯ аз фарде аз Бани Исроил, ки мунҷар ба  кушта шудани яке аз Қибтиён шуд ва маъмурони Фиръавн барои дастгири ва муҷозоти ӯ басиҷ шуда буданд, баъд он ҳазрат ба мушкили дуввум ишора кард ва гуфт: Забонам ба андозаи кофӣ фасеҳ ва гӯё нест ва шояд ба танҳоӣ натавонам ин маъмуряти бузӯргро ба анҷом бирасонам, пас иҷоза бидеҳ бародарам  Ҳорун ҳамроҳи ман биёяд то баробари такзибҳои Фиръавн маро ёрӣ кунад ва бо баёни расо ва гӯёяш аз ҳақиқат дифоъ намояд.

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Дар ҳангоми пазириши масулят, бояд нуқоти заъф ва мушкилоти худро дурӯст ва содиқона матраҳ кунем ва барои рафъи онҳо низ пешниҳод ва роҳкори муносиб ироа диҳем.

 

2- Байни равон ва гуё, аз авомили таъсиргузор дар ҷазби афрод ва аз абзорҳои лозим барои таблиғҳо муваффақ аст.

 

3- Дар анҷоми масулятҳои бузург аз тавон ва имкони дигарон низ истифода кунем ва ҳар нерӯеро дар ҷойи худ бакор гирем, лозим нест ҳамаи корҳоро худ ба танҳои анҷом диҳем.

 

35

   

    قَالَ سَنَشُدُّ عَضُدَكَ بِأَخِيكَ وَنَجْعَلُ لَكُمَا سُلْطَانًا فَلَا يَصِلُونَ إِلَيْكُمَا بِآيَاتِنَا أَنتُمَا وَمَنِ اتَّبَعَكُمَا الْغَالِبُونَ                

 

       Худованд фармуд: “Эй Мусо! Нигарон набош” мо бозӯйи туро ба “Василаи” бародарат маҳкам “Ва нерӯманд” мегардонем ва барои шумо, бартарӣ ва султа қарор хоҳем дод пас ба баракати ояҳо "Ва нишонаҳои" мо бар шумо даст нахоҳанд ёфт шумо ва ҳар кас пайравиятон кунад, пирӯз хоҳед буд.

 

Худованд хостаи ҳазрати Мусоро иҷобат фармуд, ва иҷоза дод бародараш дар ин масири пурхатар ҳамроҳ ва ёвари ӯ бошад, то бадин гуна, ҳар ду мушкили Мусо (а) ҳал шавад.

Авалан касе ҷурат наёбад ба Мусо (а) таарӯз “Ҳамла, ҳуҷум” карда ё қасди куштани ӯро бикунад, сониян “Дуввуми” бо ҳузури Ҳорун дар маҷлиси Фиръавн, онҳо дар баёни ҳақиқат бо мантиқи равшан ва истидлоли гӯё бар фиръавниён тасалут ёбанд ва бо ироаи муъҷизаҳои илоҳӣ бар онҳо ғалаба пайдо кунанд.

Бо ин,ки Ҳорун аз Мусо (а) бузургтар ва дар баён қавитар ва фасеҳтар буд, аммо Мусо (а) камолоте дошт,ки ба хотири онҳо, Худованд ӯро ба унвони паёмбари соҳиби китоб ва шариат баргӯзид, бародараш Ҳорун  низ бо он,ки паёмбар буд, аммо ба унвони нафари дуввум дар канори Мусо (а) ва ёвари ӯ бошад, яке бо муъҷизоташ Фиръавнро мабҳут “Ҳайратзада”  кунад ва дигаре бо баёноташ ӯро мағлуб созад.

 

Аз ин оят меомӯзем,ки:

 

1-Дар мубориза бо ботил, лозим нест теъдоди тарафайн ҳақ ва ботил яксон бошад, гоҳе ду нафар бо истидлолҳои қавӣ ва равшан, бар анбуҳе аз аҳли ботил пирӯз мешаванд.

 

2- Мардони Худо ва пайравони ҳақро бояд ҳимоят ва пуштибонӣ кард то дасти золимон ба онҳо нарасад ва бар онҳо султа наёбанд.

 

3- Ҳатто анбиёи илоҳӣ барои расондани паёми ҳақ ва мубориза бо ботил, ба умед ва итминон ба оянда ниёз доранд, Худованд ба Мусо (а) ва Ҳорун ва пайравонаш ваъдаи пирӯзӣ дод ва ононро умедвор сохт.

 

36

 

    فَلَمَّا جَاءهُم مُّوسَى بِآيَاتِنَا بَيِّنَاتٍ قَالُوا مَا هَذَا إِلَّا سِحْرٌ مُّفْتَرًى وَمَا سَمِعْنَا بِهَذَا فِي آبَائِنَا الْأَوَّلِينَ                    

Пас чун Мусо бо ояҳои равшани мо ба сӯйи Фиръавн омад, гуфтанд: ин “Муъҷизаҳо” ҷуз сиҳр ва ҷодӯи сохтагӣ нест ва мо чунин чизеро аз падарони пешини худ нашунидаем.

 

37

 

    وَقَالَ مُوسَى رَبِّي أَعْلَمُ بِمَن جَاء بِالْهُدَى مِنْ عِندِهِ وَمَن تَكُونُ لَهُ عَاقِبَةُ الدَّارِ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الظَّالِمُونَ                  

 

Мусо “Дар посухи такзиби фиръавниён” гуфт: Парвардигори ман ба касе,ки аз ҷониби Ӯ ҳидоят оварда ва касе, ки оқибати "Нек" барои ӯст, огоҳтар  аст, бегумон ситамкорон растагор нахоҳанд шуд.

 

Ҳазрати Мусо (а) ва бародараш Ҳорун, ба ҳар тариқи мумкин худро ба дарбори Фиръавн расонданд ва дар ҷамъи дарбориён ҳозир шуданд. Онон пас аз даъвати  фиръавниён ба сӯйи Худоӣ якто, муъҷизоти илоҳиро ба онҳо нишон доданд.

Асое,ки ба мор табдил шуд ва дасте, ки чун аз гиребон берун меомад, сафед ва дурахшон буд.

Аммо аксуламали фиръавниён, ки ҳам сухан ва мантиқи Мусо (а)  ва Ҳорунро шунида буданд ва ҳам муъҷизаҳои онҳоро дида буданд, чизе ҷуз туҳмат ва такзиб набуд. Фиръавниён муддаӣ буданд, ки парастиши Худоӣ ягона амре аст, ки дар ниёгон ва пешиниёни онҳо собиқа надошта, ба ҳамин далил қобили пазириш нест. Онҳо гуфтанд: муъҷизаҳо низ сиҳр ва ҷодуе аст, ки Мусо (а) аз худ дароварда, ба дурӯғ ба Худо нисбат медиҳанд ва онро амре фавқи башарӣ медонанд. Дар посух ба ин такзибҳо, ҳазрати Мусо (а) гуфт: Агар ман ин ҳарфҳо ва корҳоро аз худ сохта ва пардохта ва ба дурӯғ ба  Худо нисбат дода бошам, Худованд беҳтар аз шумо медонад ва ба он огоҳтар аст, пас бояд ба наҳве маро расво созад ва иҷоза нидиҳад худро паёмбаре аз ҷониби Ӯ муарифӣ кунам ва ба ҷойи ҳидояти мардум, мояи гумроҳии онҳо шавам.

Албата решаи ин такзиби шумо, нокофӣ будани далил  ва истидлоли ман нест, балки зулм ва ситам аст, ки мехоҳед ба он идома диҳед то ба гумони худ, бақои ҳукумататонро тахмин кунед, лизо сухани маро намепазиред ва ҳамин боис мешавад дар дунё ва охират ба растагорӣ нарасед.

Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:

 

1-Дар пазириши таълимҳои диннӣ, ақл ва мантиқ ва бурҳон милок “Асл” аст, на сухан ва сираи гузаштагон ва ниёгон.

 

2- Туҳмат ва такзиб, муҳимтарин ҳарбаи “Силоҳ” мухолифони паёмбарон ва муслиҳон дар тули таърих аст.

 

3- Пайравӣ аз ҳидояти паёмбарони илоҳӣ, мӯҷиби саодат ва растагорӣ ва хушоқибатӣ аст.