Сентябр 26, 2016 15:18 Asia/Dushanbe

Қисмати 699 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 38-42

38

 

    وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ مَا عَلِمْتُ لَكُم مِّنْ إِلَهٍ غَيْرِي فَأَوْقِدْ لِي يَا هَامَانُ عَلَى الطِّينِ فَاجْعَل لِّي صَرْحًا لَّعَلِّي أَطَّلِعُ إِلَى إِلَهِ    مُوسَى وَإِنِّي لَأَظُنُّهُ مِنَ الْكَاذِبِينَ                   

 

Ва Фиръавн гуфт: Эй бузургони қавм! Ман ҷуз худам худое барои шумо намешиносам, “Аммо барои таҳқиқи бештар” Эй Ҳомон оташе бар гил бияфрӯз “Ва хишти бисёр бисоз” пас барои ман бурчӣ баланд бисоз, шояд аз Худоӣ Мусо хабар гирам ва ҳамоно ман ӯро аз дуруғгӯйён мепиндорам.

 

 

Дар ояҳои қабл гуфтем, ки Фиръавн ва дарбориёнаш, рисолати ҳазрати Мусо (а) ро такзиб карданд ва муъҷизаҳои ӯро сеҳр ва ҷоду хонданд, ҳамчунин онҳо иддаъо карданд, ки ниёгонашон Худои  Мусоро намешинохтанд ва парастиш намекарданд.

Ин оят мефармояд: Яке аз корҳое, ки Фиръавн барои муқобила бо Мусо (а) ва ҷолавгирӣ аз нуфузи каломи ҳаққи ӯ дар миёни мардум анҷом дод, ин буд, ки дастур дод бурчӣ баланд бисозанд то ӯ ва бузӯргони қавм аз он боло раванд ва бубинанд оё Худое, ки Мусо (а) иддаъо мекунад, дар осмон дида мешавад ё на?

Дар воқеъ Фиръавн барои авом фиреби чунин дастуреро содир кард, ӯ мехост ба мардум бигуяд: Ман худам худо ҳастам ва Худои дигареро барои шумо намешиносам, аммо барои он,ки гумон накунед ман бо Мусо (а) душмании шахсӣ дорам ва беҷиҳат ҳарфи ӯро рад мекунам, чунин бурҷеро месозам то бузӯргони шумо низ дурӯстии сухани маро дарк кунанд ва ба чашми худ бубинанд, ки дар осмон Худое нест ва Мусо (а) дуруғ мегуяд.

 

Аз ин оят меомӯзем,ки:

 

1-Кибр ва ғурур ва рӯҳияи истикборӣ, монеи пазириши ҳақ мешавад.

 

2- Авомили фиребе бо жести “Тарзи” ҳақиқатталабӣ, аз шеваҳои мустакбирон барои инҳирофи афкори тудаҳои мардум аст.

 

3- Мустакбирон, худро маҳур ва маркази ҳамаи чиз медонанд, онҳо худро молик ва ҳокими замин медонанд ва ҳаққе ҳам барои дигарон қоил нестанд, имрӯза низ қудратҳоӣ Фиръавнсифат ҳастанд, ки худро соҳиби ихтиёр ва ҳамакораи олам медонанд.

39

 

    وَاسْتَكْبَرَ هُوَ وَجُنُودُهُ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَظَنُّوا أَنَّهُمْ إِلَيْنَا لَا يُرْجَعُونَ                                

 

Ӯ “Фиръавн” ва сипоҳиёнаш ба ноҳақ дар замин истикбор варзинданд ва пиндоштанд, ки онҳо ба сӯйи мо бозгардонда намешаванд.

 

40

 

    فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ فَانظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الظَّالِمِينَ                                

Пас мо “Низ” ӯ ва лашкариёнашро гирифтем ва ба дарё афкандем, пас бингар, ки поёни кори ситамгарон чигуна буд?

 

Ин ояҳо ба поёни кори Фиръавн ва фиръавниён дар ин ҷаҳон ишора карда ва мефармояд: Истодагии онҳо дар баробари ҳақ ва инкори мабдоъ ва маод аз як сӯ, ва зулм ва ситам ба мардум аз сӯйи дигар, боис шуд мо онҳоро дар ҳамин дунё кайфар диҳем ва дар рӯди азими Нил ғарқ созем. Бале, рӯде, ки мояи ҳаёт ва қудрат ва сарвати онҳо буд, ба гуристони онҳо табдил шуд ва ҳамаи фиръавниёнро дар худ фрӯ бурд.

Ин ояҳо ба ду вижагии ҳукумати фиръавнӣ, ки омили суқут ва нобудии онҳо шуд, ишора дорад: Яке рӯҳияи истикбор ва бартари талабие, ки худро бартар ва волотар аз мардум мешумурданд ва дигаре ситам ба заифон ва зердастон ва салби ҳуқуқи табии онҳо.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

1-Дар баробари ҳақ ва ҳақиқат наистем, ки саранҷом нобуд мешавем.

 

2- Адами эътиқод ба миод ва ҳисоб ва китоби охират, инсонро дучори баддии истикборӣ мекунад, ҳамин каҷравиҳо ва зулмҳо ва ҷиноятҳои золимон ва мустакбирон аст.

 

3- Кайфарҳои илоҳӣ ихтисосе ба охират надорад ва Худованд мустакбиронро дар ҳамин дунё ба хорӣ ва зиллат мекашонад.

 

4- Дар тули таърих, ситамгарон сарнавишти муштараке доранд.

 

 

41

       وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ لَا يُنصَرُونَ

 

Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки ба сӯйи оташ “Дузах” даъват мекунанд ва рӯзи Қиёмат, ёрӣ нахоҳанд шуд.

 

42

    وَأَتْبَعْنَاهُمْ فِي هَذِهِ الدُّنْيَا لَعْنَةً وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ هُم مِّنَ الْمَقْبُوحِينَ

 

Ва дар ин дунё, лаънате  бадрақаи онҳо кардем ва рӯзи Қиёмат “Низ” онон аз зишт рӯёнанд.

 

Дар идомаи ояҳои қабл, ки фарҷоми  фиръавниёнро дар дунё баён мекард, ин ояҳо мефармояд: Дар рӯзи қиёмат, ки гунаҳкорон ба сӯйи дузах мераванд, фиръавниён пешопеши онон дар ҳаракатанд ва ҳамон гуна, ки дар ин дунё пешвоӣ гунаҳкорон буданд, дар охират низ чунин ҳастанд.

Онҳо дар дунё ҳамвора мавриди лаън ва нафрини мазлумон ва зердастони замони худ буданд ва дар тули таърих низ мавриди лаън ва нафрини муъминон ҳастанд, ин сирати зишт ва нопок, дар қиёмат ҷилавгир шуда ва онҳо бо суратҳои зишт ва гиря мушоҳида мешаванд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Онҳое, ки имрӯз ба қудрат ва имконҳои худ дил хуш доранд, дар Қиёмат, беёр ва ёвар буда, ҳатто қудрати наҷоти худро надоранд, чӣ расад ба наҷоти дигарон.

2- Лаън ва нафрин ба золимон ва шиор алайҳи онҳо, амре аст, ки Худованд онро муҷоз шумурдааст.

 

3- Онон, ки дар зиндагии дунё аз улгуҳои куфр ва гумроҳӣ пайравӣ мекунанд, дар Қиёмат низ ба дунболи кофирон ва гумроҳон ба дузах рафта ва бо онҳо маҳшур мешаванд.

 

4- Аъмоли зишти инсон дар дунё, мӯҷиби зиштрӯйии ӯ дар охират мешавад.