Июн 19, 2021 12:17 Asia/Dushanbe

Қисмати 937 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 7-14

                                    Ба номи Худо

Бо дуруд ба равони поки Паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бо салом ҳузури Шумо шунавандагони гиромӣ, бо барномае дигар аз "Роҳе ба сӯи нур" дар хидмати Шумо ҳастем то бо тафсири осону равони оёте дигар аз каломи илоҳӣ дар Қуръони карим ошно шавем.
Ибтидо ба тиловати оёти 7 то 9 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯш фаро мениҳем:

 

7

«یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِن تَنصُرُوا اللَّـهَ یَنصُرْکُمْ وَیُثَبِّتْ أَقْدَامَکُمْ»،

 

Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ мекунаду гомҳоятонро устувор месозад,

 

8

«وَالَّذِینَ کَفَرُوا فَتَعْسًا لَّهُمْ وَأَضَلَّ أَعْمَالَهُم،

Ва касоне, ки куфр варзиданд, бар онон нагунсорӣ [ва марг] бод ва [Худованд] аъмолашонро нобуд гардонад.

 

9

«ذَلِکَ بِأَنَّهُمْ کَرِهُوا مَا أَنزَلَ اللَّـهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ»



Ин ба хотири он аст, ки онон он чиро Худованд фурӯ фиристода аст, хуш надоштанд. Пас [Худованд] корҳояшонро табоҳ кард.


Дар барномаи қабл, сухан аз муқобила бо душманони Ислом дар майдони ҷанг буд. Ин оёт дар идома, хитоб ба муъминон мефармояд: Майдони ҷанг, майдони мубориза ва даргирист ва сахтиҳо ва мушкилоти хоси худро дорад. Пас бояд дар роҳи дифоъ аз дини худ сабру истиқомат пеша кунед ва аз майдон ба дар наравед.
Агар шумо дар баробари душманони дини Худо пойдорӣ кунед, мутмаин бошед, ки Худованд низ шуморо ёрӣ мекунад ва бар душман пирӯз мешавед. Зеро Худованд нобудӣ ва сарнагунии душманонро ирода кардааст ва тарҳу нақшаи онҳоро аз байн мебарад.
Аммо онҳо ба ҷои таслим шудан дар баробари таъолими ҳаётбахши Худо ва расули Ӯ, бо он ба ҷангу ситез бархестаанд. Лизо саранҷоме ҷуз табоҳӣ ва ҳалокат нахоҳанд дошт ва корҳояшон ба натиҷаи мавриди назари онҳо нахоҳад расид.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Имон доштан ба танҳоӣ кофӣ нест, балки бояд дар ҷиҳати нашру густариши дини Худо саъй ва талош кард ва бо авомиле, ки муҷиби инҳирофи ҷомеа аз масири дин мешаванд, мубориза намуд.
2. Чигунагии ёрии дини Худованд дар ҳар замоне бо таваҷҷуҳ ба авзоъ ва шароит мутафовит аст, гоҳе аз роҳи нашри ҳақоиқи дину таблиғи забонӣ, гоҳе аз тариқи кумакҳои молӣ ва гоҳе низ бо аз худгузаштагӣ ва ҷонфишонӣ.
3. Кароҳати қалбӣ аз таъолими илоҳӣ, нишонаи навъе куфр дар вуҷуди инсон ва сабаби нобудии корҳои неки ӯ мешавад.
4. Ситез бо ҳақ саранҷоме ҷуз табоҳӣ надорад ва сабаби суқуту сарнагунии инсон дар лағзишгоҳҳо ва партгоҳҳои хатарноки зиндагӣ мешавад.

Акнун ба тиловати оёти 10 ва 11 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯш месупорем:

10

«أَفَلَمْ یَسِیرُوا فِی الْأَرْضِ فَیَنظُرُوا کَیْفَ کَانَ عَاقِبَةُ الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ دَمَّرَ اللَّـهُ عَلَیْهِمْ  وَلِلْکَافِرِینَ أَمْثَالُهَا»

Оё дар замин сайр накарданд то бингаранд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чӣ гуна буд? Худованд ононро [дарҳам кӯбид] нобуд кард ва барои ин кофирон низ ҳамонанди он кайфарҳо хоҳад буд.

 

11

«ذَلِکَ بِأَنَّ اللَّـهَ مَوْلَى الَّذِینَ آمَنُوا وَأَنَّ الْکَافِرِینَ لَا مَوْلَى لَهُمْ

Ин ба хотири он аст, ки Худо сарпарасту ёвари касонест, ки имон овардаанд, вале кофиронро сарпараст ва ёваре нест».


Дар идомаи оёти қабл, Худованд дар ин оёт ба кофирону мушриконе, ки бо мусулмонон душманӣ карданд, ҳушдор медиҳад, ки агар сафар кунед ва ба манотиқи атроф назаре бияфканед, харобаҳо ва осори баҷомонда аз ақвоми пешинро мебинед, ки чӣ гуна нобуд шудаанд ва дигар ному ёде аз онҳо нест.
Гумон накунед чунин саранҷоме, махсуси онҳо буда аст ва шуморо дар бар намегирад, шумо низ агар роҳи онҳоро биравед, ба ҳамон сарнавишт дучор шуда ва нобуд хоҳед шуд. Дар ҳақиқат касе нест, ки шуморо ёрӣ кунад ва наҷот диҳад, зеро Худо душманони худро ҳимоят ва ёрӣ намекунад.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Мутолиаи таърихи гузаштагону мушоҳидаи сарзамини онон аз наздик, аз аҳдофи сайру саёҳату ҷаҳонгардӣ дар Ислом ва барои ибрат гирифтан аз сарнавишти ақвоми гузашта аст.
2. Ҷилваҳои рифоҳу роҳатии имрӯзии кофирон моро фиреб надиҳад. Чаро, ки онҳо аз оқибату саранҷоми некӯе бархурдор нестанд.
3. Имон ба Худо, василаи ҷалби раҳмату ҳимояти илоҳӣ дар дунё ва охират аст ва куфр омили аз даст додани онҳост.

Акнун ба тиловати ояи 12 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯш месупорем:

 

12

«إِنَّ اللَّـهَ یُدْخِلُ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِی مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ وَالَّذِینَ کَفَرُوا یَتَمَتَّعُونَ وَیَأْکُلُونَ کَمَا تَأْکُلُ الْأَنْعَامُ وَالنَّارُ مَثْوًى لَّهُمْ»


Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Худованд касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба боғҳое [аз Биҳишт], ки наҳрҳо аз зери [дарахтони] он ҷорист, ворид мекунаду касоне, ки кофир шуданд, ҳамвора саргарми баҳрагирӣ аз [лаззатҳои зудгузари] дунёянд ва мехуранд, ҳамон гуна, ки чаҳорпоён мехуранд ва [саранҷом] оташ ҷойгоҳи онҳост».


Ба дунболи муқоисаи аҳли имону куфр дар дунё, ин оя ба муқоисаи ҷойгоҳи онон дар Қиёмат пардохта ва мефармояд: муъминоне, ки ба дурустӣ ба вазоифи худ дар дунё амал карда ва ба дунболи анҷоми корҳои нек ва шоиста будаанд, дар Қиёмат аз ҷойгоҳи сарсабзу саршор аз неъмату суруру шодӣ бархӯрдоранд. Аммо ҷойгоҳи ҳақситезон, оташи сӯзон ва Дузах аст. Зеро онҳо ба дунболи лаззоти зудгузари дунявӣ буда ва ҳамонанди чорпоён дар фикри шикам ва шаҳват будаанд ва барои Қиёмати худ ҳеҷ тӯшае фароҳам накардаанд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Баҳрагириҳо ва комёбиҳои ин дунё, чӣ кам ё зиёд, зудгузар ва фонӣ ҳастанд, ба фикри тӯшаи охират бошем, ки боқӣ ва ҷовидон аст.
2. Қуръон, комёбии инсон аз дунё ва неъматҳои онро ҷоиз медонад, аммо бо ҳайвонгуна зистани инсон мухолиф аст.
3. Барои интихоби роҳи зиндагӣ, ба мақсади ниҳоӣ бингарем, на ҷилваҳои зебои канори ҷода, ки бисёр зудгузаранд.

Акнун ба тиловати оёти 13 ва 14 аз сураи “Муҳаммад” (с) гӯш месупорем:

13

«وَکَأَیِّن مِّن قَرْیَةٍ هِیَ أَشَدُّ قُوَّةً مِّن قَرْیَتِکَ الَّتِی أَخْرَجَتْکَ أَهْلَکْنَاهُمْ فَلَا نَاصِرَ لَهُمْ»

Ва чӣ бисёр шаҳрҳо, ки [мардумонаш] аз шаҳре, ки туро берун карданд, нерӯмандтар буданд, мо ононро нобуд кардем ва барои онҳо ҳеҷ ёваре набуд.

 

14

«أَفَمَن کَانَ عَلَى بَیِّنَةٍ مِّن رَّبِّهِ کَمَن زُیِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُم»

Пас оё касе, ки аз сӯи Парвардигораш далели равшане дорад, ҳамчун касе аст, ки бадии кирдораш дар назараш ороста шуда ва аз ҳавасҳои худ пайравӣ кардаанд?


Ин оёт ба хислатҳои зишти кофирони ситезаҷӯй пардохта ва мефармояд: Онҳо ба қудрату сарвати худ менозанд ва гумон мекунанд касеро ёрои муқобила бо онҳо нест. Дар ҳоле, ки сарнавишти ақвоми гузашта ҳокӣ аз он аст, ки онҳо бо иродаи Худованд нобуд шуданд ва ҳеч кас натавонист онҳоро наҷот диҳад.
Дигар сифати зишти кофирон ин аст, ки ҳаво ва ҳавасу лаззатпарастӣ ва манфиатҷӯӣ чунон бар онҳо ғалаба ёфта, ки корҳои зишту бади худро зебо мебинанд. Онҳо он чиро ҳақ аст ва аз ҷониби Худо омада, зишт мепиндоранду ҳозир ба пазириши он нестанд.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Муъмин набояд аз тавонмандиҳои зоҳирии душманони Худо битарсад, зеро қудрати Худованд мофавқи ҳамаи қудратҳои башарӣ аст.
2. Душманон ба шеваҳои мухталиф дар садади озору азияти муъминон ҳастанд, аммо аҳли имон ҳечгоҳ аз имон даст намекашанд ва ба талошу муборизаи худ идома медиҳанд.
3. Поя ва мабнои имон, далел ва бурҳон аст, аммо такягоҳи куфр, пиндорҳои ботилу ҳавасҳои нафсонӣ аст.
4. Инсон бо фитрати илоҳии хеш, зиштии корҳоро дарк мекунад, аммо барои расидан ба хостаҳои нафсонии худ, рӯи кори бад сарпӯш мегузорад ва ба шеваҳои гуногуне онро зебо ва писандида ҷилва медиҳад.

Бо поён ёфтани ин барнома, Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо нигаҳдор.