Июл 03, 2021 12:23 Asia/Dushanbe

Қисмати 939 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 18-20

                                                                     Ба номи Худо
(18)

«فَهَلْ یَنظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَن تَأْتِیَهُم بَغْتَةً فَقَدْ جَاءَ أَشْرَاطُهَا  فَأَنَّى لَهُمْ إِذَا جَاءَتْهُمْ ذِکْرَاهُمْ‏»


«Оё танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳар  оина, нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида?»


Дар барномаи қабл, ба касоне ишора шуд, ки бо рӯҳияи лаҷоҷату таҳқиру тамасхур, бо паёмбарони илоҳӣ бархӯрд мекарданд. Ин оя дар бораи бархе мункирони Маъод аст, ки мегӯянд: то қиёматро бо чашмони худ мушоҳида накунем, ба он имон намеоварем, дар ҳоле, ки далоили равшан бар имкони вуқуъи қиёмат вуҷуд дорад.
Агар онҳо ба дунболи пазириши ҳақ бошанд, пеш аз онки қиёматро бибинанд, бо далоили ақлӣ ба он имон меоваранд ва агар акнун имон наёранд, замоне, ки қиёматро мушоҳида кунанд, дигар имон овардани онон суде ба ҳолашон нахоҳад дошт. Дуруст монанди инсони беморе, ки пизишк алоими бемориро дар ӯ ташхис дода ва барои дармони ӯ нусха медиҳад, аммо бемор мегӯяд: то вақте, ки маргро набинам, қабул намекунам, ки беморам ва ба дармон ниёз дорам. Равшан аст, он ҳангом дигар дору ва дармон бефоида аст ва пушаймонӣ суде надорад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Кофирону мункирони Маъод, аз рӯи иноду лаҷоҷат, аз фурсати тавба ва бозгашт истифода намекунанду дар воқеъ муҳлати илоҳиро ба ҳадар медиҳанд.
2. Далоилу алоими вуқуъи қиёмат бисёр аст, аммо барои касе, ки гуши шунаво ва дили ҳақҷӯ дошта бошад.

 

(19)

«فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَاسْتَغْفِرْ لِذَنبِکَ وَلِلْمُؤْمِنِینَ وَالْمُؤْمِنَاتِ  وَاللَّهُ یَعْلَمُ مُتَقَلَّبَکُمْ وَمَثْوَاکُمْ‏»


«Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи  мардону занони мӯъмин омурзиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб дар куҷо меоромед.»


Дар баробари лаҷоҷату сарсахтии кофирон, ин ояи хитоб ба Паёмбари Акрам (с) мефармояд: шумо низ пойдору устувор бар роҳи худ биистед ва бидонед ҷуз иродаи Худои воҳид, қудрати дигаре дар ин ҷаҳон корсоз нест ва ҳеҷ кас наметавонад Худоро оҷиз кунад. Пас дар ҳамаи ҳол ба Ӯ паноҳ бибаред ва ба Ӯ таваккул кунед ва аз анбуҳи душманон наҳаросед.
Идомаи оя бар ин нукта таъкид мекунад, ки аҳли имон бояд тақвои илоҳиро муроот кунанд ва агар ҳам ҷое дучори тақсир ва лағзиш шуданд, аз Худованд омурзиш биталабанд.
Паёмбари Акрам (с) низ, ҳам барои худ ва ҳам барои муъминон талаби бахшиш мекунад. Равшан аст, ки паёмбарон аз гуноҳ пок ҳастанду мурод аз истиғфори Паёмбар, омурзиш аз гуноҳ нест, балки баёнгари руҳияи хузуъу хушуъ дар баробари Парвардигор аст, ки инсон ҳамвора худро дар даргоҳи илоҳӣ муқассир бибинад. Зеро амри рисолат, вазифа ва масъулияти сангине аст, ки аз сӯи Худо бар души паёмбарон ниҳода шудааст. Онҳо бояд ҳамвора эҳсос кунанд, ки масъулияти худро он гӯна, ки шоиста ва боиста аст, анҷом надодаанд то аз талошу муҷоҳидат даст барнадоранд ва ба иқдомоти худ розӣ ва қонеъ набошанд.
Бар ин асос, дар Қуръон на фақат дар хусуси Паёмбари ислом(с), балки дарбораи паёмбарони пешин низ баҳси талаби бахшиш аз Худованд матраҳ шудааст.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Ҳамаи гуфторҳо ва рафторҳои мо бояд барпояи тавҳид ва яктопарастӣ бошад, то ба қудратҳои пушолии башар такя накунем ё аз онҳо наҳаросем.
2. Мардону занони бо имон, машмули истиғфори Расули Худо ҳастанд ва он ҳазрат, афзӯн бар ҳидояти мардум, барои саломату таҳорату покии рӯҳи онҳо низ аз Худованд кумак металабад.
3. Паёмбарон низ монанди соири мардум аз ҷинси башар ва маҳдӯд ба шароити инсонӣ ҳастанд. Лизо онҳо низ ниёзманди лутфи Худованд барои ҷуброни маҳдӯдиятҳои худ ҳастанд.

 

(20)

«وَیَقُولُ الَّذِینَ آمَنُوا لَوْلَا نُزِّلَتْ سُورَةٌ  فَإِذَا أُنزِلَتْ سُورَةٌ مُّحْکَمَةٌ وَذُکِرَ فِیهَا الْقِتَالُ رَأَیْتَ الَّذِینَ فِی قُلُوبِهِم مَّرَضٌ یَنظُرُونَ إِلَیْکَ نَظَرَ الْمَغْشِیِّ عَلَیْهِ مِنَ الْمَوْتِ  فَأَوْلَى لَهُمْ‏»


«Ва касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: чаро сӯрае [барои ҷиҳод] нозил намешавад? аммо ҳангоме, ки сӯрае муҳкаму равшан нозил мешавад, ки дар он номе аз ҷанг рафта аст, бемордилонро мебинӣ, ки ба ту менигаранд, монанди нигоҳ кардани касе, ки аз [тарси] марг беҳуш шудааст. Пас ҳамон марг барои онон сазовортар аст».


Ин оя ба шароити сахти мусулмонон дар садри ислом ишора дорад ва мефармояд: фишори душманон ба гӯнае буд, ки муъминон аз Паёмбар иҷозаи ҷанг ва муқобила мехостанд ва мегуфтанд: чаро оёте нозил намешавад, ки ба онҳо иҷозаи ҷанг бидиҳад? аммо ҳангоме, ки бархе сӯраҳо нозил шуду фармони муқобила ба мисл дода шуд, гуруҳе аз онҳо, ки бо забон иддаои ҷиҳод ва мубориза доштанд, ақибнишинӣ карда ва чашмони онҳо аз тарс аз ҳаракат боз истод.
Бар хилофи муъминони воқеӣ, ки то пои ҷон дар роҳи ҷиҳод меистанду омодаи шаҳодату ҷонфишонӣ дар роҳи Худо ҳастанд, чунон ваҳшату изтироб мунофиқони бемордилро фарогирифта, ки ҳануз ҷанге дар нагирифта, наздик аст ҷон бидиҳанду қабзи рӯҳ шаванд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Мумкин аст бисёре аз афрод иддао дошта бошанд, аммо ҳангоми амал ва дар майдони мубориза, муъминон аз мунофиқон боз шинохта мешаванд.
2. Гарчӣ дини ислом, дини раҳмат аст, бо ин ҳол дар муқобили золимону ситамгарон, ҷиҳоду муборизаро матраҳ мекунаду фармон ба муқобила ба мисл медиҳад.
3. Тарс аз ҷиҳоду фирор аз майдони мубориза, нишонаи сустии имону нифоқи дарунӣ аст.