Июл 25, 2021 12:45 Asia/Dushanbe

Қисмати 942 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 29-32

                                                              Ба номи Худо

(29)

«أَمْ حَسِبَ الَّذِینَ فِی قُلُوبِهِم مَّرَضٌ أَن لَّن یُخْرِجَ اللَّهُ أَضْغَانَهُمْ»

«Оё онон, ки дар дилашон маразест, мепиндоранд,, ки Худо, кинаеро,, ки дар дил пинҳон доранд, ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард?»

(30)

«وَلَوْ نَشَاءُ لَأَرَیْنَاکَهُمْ فَلَعَرَفْتَهُم بِسِیمَاهُمْ  وَلَتَعْرِفَنَّهُمْ فِی لَحْنِ الْقَوْلِ  وَاللَّهُ یَعْلَمُ أَعْمَالَکُمْ»


«Ва агар бихоҳем онҳоро ба ту менамоёнем, пас, ҳар оина, ту онҳоро ба симоҳояшон ва ҳатман, аз шеваи суханашон хоҳи шинохт ва Худо аз аъмолатон огоҳ аст.»


Дар барномаи қабл сухан аз мунофиқон буд, ки ба ҷои хости Худо ба дунболи хостаҳои дили худ ҳастанд, гарчӣ мухолифи хушнудӣ ва ризои Худо бошад. Ин оёт ба яке дигар аз нишонаҳои онҳо ишора карда ва мефармояд: Онҳо аз Паёмбар ва таъолими ӯ нохушнуданд ва ҳатто кинаи Паёмбару муъминонро дар дил доранд. Ба зоҳир изҳори имону ҳамроҳӣ бо муъминон мекунанд, аммо дӯст доранд бо душманон иртибот ва ҳамкорӣ дошта бошанд то манофеи моддӣ ва дунявии онҳо таъмин шавад. Онҳо ба ҷои муқовимат дар баробари тавтеаҳои душманон, бо забону амали худ бо онони ҳамроҳӣ ва ҷабҳаи муъминонро тазъиф мекунанд.
Албатта агар Худо бихоҳад, метавонад коре кунад, ки аломат ё нишонае дар чеҳраи онҳо ошкор шавад то ҳамаи мардум онҳоро аз рӯи аломати чеҳра бишносанд. Аммо барномаи Худованд чунин нест, ки ботини афродро дар дунё зоҳир созад, вале муъминони зирак метавонанд аз наҳваи гуфтори ин афрод, ба ботини онҳо пай бурда ва аз нифоқи онҳо огоҳ шаванд.
Чунонки ҳангоми фармони ҷиҳод, онон бо суханони дилсардкунанда, муъминонро аз ҷиҳод боз медоранд ва ё бо бузургнамоии қудрату имконоти душман, мардумро аз ҳузур дар майдони мубориза метарсонанд. Онҳо гумон накунанд, ки афроде зирак ҳастанд. Зеро Худованд аз ботини онҳо ва корҳои онон алайҳи мусулмонон комилан огоҳ аст ва дар замони муносиб онҳоро кайфар медиҳад.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Муроқиби қалбу рӯҳи худ бошем ва гумон накунем, ки ниятҳо ва ангезаҳои олӯда ва нопок барои ҳамеша махфӣ мемонад.
2. Кина ва ҳасодат аз авомили бурузи бемории нифоқ ва ду рӯ аст. Кинаи аҳли имонро ба дил нагирем, ки ин аз нишонаҳои мунофиқон аст.
3. Ахлоқи дарунии инсон дар симои ӯ таъсиргузор аст. Ба баёни дигар, чеҳра ва гуфтори инсон то ҳудуди зиёде баёнгари ботину ангезаҳои ӯст, ҳарчанд, ки вай саъй кунад ботини худро ношинохта ва пинҳон нигоҳ дорад.

(31)


«وَلَنَبْلُوَنَّکُمْ حَتَّى نَعْلَمَ الْمُجَاهِدِینَ مِنکُمْ وَالصَّابِرِینَ وَنَبْلُوَ أَخْبَارَکُمْ»


«Ва албатта, шуморо меозмоем (бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон), то муҷоҳидон ва собиронатонро (аз муҷоҳиднамоҳо ва ношикебоҳо) маълум дорем ва ҳадисатонро ошкор кунем, (ки оё дар роҳи ислом содиқона сухан гуфтаед ё не).»


Ин оя ба яке аз суннатҳои муҳими илоҳӣ дар робита бо инсонҳо ва ба вижа муъминон ишора карда ва мефармояд: Муддаиёони имон бисёранд. Аммо Худованд барои онки мушаххас шавад, чӣ касоне муддаиёони ростин ҳастанд ва чӣ афроде муддаиёони дуруғин, арсаҳои мухталиферо барои озмӯн пеш меоварад. Ин бидон хотир аст, ки касоне, ки дар сахтиҳо ва тангноҳо аз дину имон даст мекашанд, аз касоне, ки дар душвортарин шароит имони хешро ҳифз мекунанд, мутамоиз шаванд.
Табиӣ аст, ки дар шароити сахту душвор, мунофиқон наметавонанд ботини худро пинҳон кунанд, лизо корҳоеро анҷом медиҳанд, ки асрори дарунии онҳоро фош карда ва онҳоро расво месозад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Худованд муддаиёони имонро озмоиш мекунад, то ҳам худашон бифаҳманд, ки чӣ миқдор дар иддаои имон, содиқ ва ростгӯ ҳастанд ва ҳам мардум онҳоро бишносанд, ки чиқадр имон доранд.
2. Сабру пойдорӣ ва истиқомат дар роҳи дину таҳаммули мушкилоти ин роҳ, аз нишонаҳои сидқи имон аст.
3. Меъёри имон, пойдорӣ дар сахтиҳо ва мушкилот аст, вагарна аксари мардум дар ҳолати рифоҳу осоиш, иддаои имон мекунанд.


(32)
 

«إِنَّ الَّذِینَ کَفَرُوا وَصَدُّوا عَن سَبِیلِ اللَّهِ وَشَاقُّوا الرَّسُولَ مِن بَعْدِ مَا تَبَیَّنَ لَهُمُ الْهُدَى لَن یَضُرُّوا اللَّهَ شَیْئًا وَسَیُحْبِطُ أَعْمَالَهُمْ‏»


«Албатта, касоне, ки имон наёварданд ва аз роҳи Худо рӯй гардонданд ва бо он, ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, бо Паёмбар мухолифат варзидаанд ҳаргиз, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳанд расонид ва Худо аъмолашонро нобуд хоҳад кард.»


Дар идомаи оёти қабл дар бораи мунофиқон, ин оя ба як асли куллӣ ишора карда ва мефармояд: Ҳамаи касоне, ки гирифтори куфр шудаанд, чӣ кофироне, ки куфри хешро ба забон изҳор мекунанд ва чӣ мунофиқоне, ки куфри худро дар дил махфӣ нигоҳ медоранд, ҳарду гуруҳ сари ситез бо Худо ва Расул(с) доранд.
Онҳо бо онки ҳақ барояшон равшан шуда ва аз ҳаққонияти роҳу оини Паёмбар огоҳ шудаанд, дар баробари ҳақ меистанд. Онон гумон мекунанд, метавонанд ба дини Худо осеб бирасонанду монеъи пешрафти он шаванд. Дар ҳоле, ки иродаи Худованд ин аст, ки оини нӯронии ислом густариш ёбаду куфру нифоқ нобуд шавад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Иноду лаҷоҷат бо ҳақу саркашӣ ва нофармонӣ дар баробари Худованд, саранҷоме ҷуз ҳалокат ва табоҳӣ надорад.
2. Худованд асбоби ҳидоятро барои мардум фиристода ва бо онҳо итмоми ҳуҷҷат карда аст. Лизо мардум бояд ҳақро бишносанд ва аз он пайравӣ кунанд.
3. Талошҳо ва тавтеъаҳои кофирону мунофиқон ба ҷое намерасад ва бар акс, дини Худо рӯз ба рӯз густариш меёбад.