Гиря- муфид барои саломатӣ
Ҳамаи мо ин ҷумларо, ки "Ханда бар ҳар дарди бедарамон давост" борҳо шунида будем, аммо гоҳе гиря кардан низ метавонад дар коҳиши изтироб таъсиргузор бошад.
Ба гузориши ИРНА пизишкон ва муҳаққиқон муддатҳост ба аҳаммияти хандидан барои саломатии қалб, афзоиши сатҳи эминии бадан ва дармони ҷароҳатҳо пай бурданд, аммо натиҷаҳои бархе аз мутолиъоти дигар нишон медиҳад гиря кардан дар замони доштани изтироб беҳтар аз он аст, ки ҳарчи нороҳатӣ ва мушкилоти худро дар дарунамон пинҳон ва саркуб кунем.
Натиҷаҳои мутолиъаи нав дар донишгоҳи Минисоти Амрико нишон медиҳад, ки гиря кардан метавонад руҳияи 88/8 дарсад аз мардумро беҳбуд бахшад ва метавонад дар дармони беморон, афзоиши сатҳи эминӣ ва коҳиши сатҳи асабоният ва изтироб муфид бошад.
Яке аз мутахассисон дар ин матлаб хотирнишон мекунад таркиботи зарарнок,ки мумкин аст ба далели доштани изтироб дар бадани фард эҷод шавад бо гиря кардан гум мешавад