Мағзи мардон зудтар аз мағзи занон пир мешавад
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i15870-Мағзи_мардон_зудтар_аз_мағзи_занон_пир_мешавад
Муҳаққиқони Маркази   "тандурустии Форд"   далелеро  кашф кардаанд,ки  нишон медиҳад мағз (майна)и мардон бо содхурда  шудан  зудтар аз мағзи занон хурд мешавад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 17, 2017 05:16 Asia/Dushanbe
  • Мағзи мардон зудтар аз мағзи занон пир мешавад

Муҳаққиқони Маркази   "тандурустии Форд"   далелеро  кашф кардаанд,ки  нишон медиҳад мағз (майна)и мардон бо содхурда  шудан  зудтар аз мағзи занон хурд мешавад.

Пойгоҳи интернетии Сойнес Дели гузориш дод тибқи мутолиъоте, ки дар нашрияи "Аршив  Нурология" чоп шуда аст,  кучак шудани  мағз, ки маъмулан бо шуруъи  пирӣ  сурат мегирад дар мардон барҷастатар аз занон аст.

Доктор Саид Эдвард Кувафи- раиси бахши  равонпизишкии ҳунарии Форд ва муҳаққиқи бартари ин мутолиъа гуфт: Мо дарёфтем  кучак шудан  муртабит бо синни мағз дар се минтақа аз мағзи мардон, ки дар тафакури  барномарезӣ ва ҳофиза даст доранд бештар аз занон буд. Вай афзуд: Таъсироти пирӣ  дар дигар  минтақаҳои мағз низ дида шуда, аммо дар он минтақаҳо ин таъсирот дар занон ва мардон монанди ҳам  буд.

Муҳаққиқон дар ин мутолиъа барои андозагирии андозаи мағзи 330 мард ва зани  солими болои 66 сол аз тасвирбардории MRI  истифода карданд.

Дуктур Саид Эдвард Кувафи гуфт: Муддате аст пай бурдаем, ки мардон барои гирифторӣ  ба мушкили   парешонии  мағзии  вобаста  бо афзоиши синнӣ, монанди аз даст додани ҳофиза ва бемории олзоимер (фаромушхотирӣ) нисбат ба  занон  омодатар   ҳастанд. Ин ёфтаҳо мумкин аст тавзеҳе  барои ин тафовутҳои ҷинсӣ    диҳанд.