Чанд тавсия барои контроли фишори хун
(last modified 2017-04-17T05:07:10+00:00 )
Апрел 17, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Чанд тавсия барои контроли фишори хун

Афзоиши фаъолияти баданӣ,контроли қанди хун ва афзоиши истеъмоли мева ва кабутӣ дар хурокҳои рӯзона дар коҳиши фишори хун таъсиргузор мебошад.

Ба гузориши бахши  саломати ИСНА, Фаҳима Ростбофӣ  - масъули  беморҳои  ғайривогири  муовинати беҳдошти донишгоҳи  улуми пизишкии Фасо дар вилояти Форс (ҷануби Эрон) гуфт : Барои инки хун дар аъзои бадан ҷорӣ шавад ва маводи ғизоиро ба аъзои  мухталифи бадан бирасонад ниёз ба неруе дорад, ки хунро ба гардиш дароварад. Ин неру фишори хун номида мешавад ва ба вуҷуд он қалб аст .

Дар хусӯси  авомили бурузи  фишори  хуни  боло гуфт: Бар асоси таҳқиқот, авомили монанди сигарет кашидан, доштани вазни  зиёд ва фарбеҳӣ    ва надоштани фаъолияти физикӣ, режими ғизоии пурнамак, истеъмоли  машруботи алколӣ, (арақ ё спирт)   изтироб, синну соли боло,  омилҳои генетикӣ ва собиқаи ирсӣ дар афзоиши фишори хун нақш доранд .

Вай изҳор дошт: Мутаассифона дар бештари вақтҳо, фишори  хуни боло ҳеҷ аломат ва нишонае аз худ нишон намедиҳад . Дар ҳақиқат аз се як ҳиссаи  касоне, ки ба афзоиши фишори хун мубтало ҳастанд аз бемориашон ҳеҷ иттилоъе надоранд .

Ба гуфтаи  вай  агар  фишори хун ба таври ногаҳонӣ боло равад аломатҳое монанди сардарди шадид, саргиҷӣ, мушкили биноӣ, даридани қафасаи сина ва нафаскашии  сахт мумкин аст буруз кунад.

Масъули бемориҳои  ғайривогири муъовинати беҳдошти донишгоҳи  улуми пизишки Фасо дар хусуси ташхиси фишори хун гуфт: Пизишки шумо метавонад бо муъоина, шуморо аз вуҷуди  фишори хун огоҳ кунад фақат кофӣ аст дар сол ҳаддиақал як бор аз ин назар худро баррасӣ кунед.

Ин коршиноси бемориҳо  баён дошт: Фишори хуни боло бемории  хатарноке аст, ки метавонад мушкилоти ҷиддиро барои қалб ва раги шумо эҷод кунад ва дар сурати идома ёфтан метавонад боъиси сакта, норасоии қалбӣ, норасоии гурда ва мушкили биноӣ шавад.

Фаҳима Ростбоф   роҳҳои коҳиши фишори хунӣ болоро баршуморид ва гуфт : Тарки сигарет , коҳиши истеъмоли  намак, ҳифзи вазни муносиб ва коҳиши  вазн ,  афзоиши фаъолияти  баданӣ, контроли қанди хун ва истеъмоли мева ва кабудӣ дар  хурокҳои   рӯзона дар коҳиши фишори хун таъсиргузор мебошад.

 

 

 

 

Барчасп