Чанд тавсияи воқеъбинона барои дигаргунӣ дар шеваи зиндагӣ
(last modified 2017-04-17T05:13:28+00:00 )
Апрел 17, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Чанд тавсияи воқеъбинона барои дигаргунӣ дар шеваи зиндагӣ

Ба ҷои танзими қонуне барои беҳбудии масоили саломатӣ, ки ба зудӣ ба фаромушӣ сипурда мешавад,як коршиносони амрикоӣ тавсияҳои воқеъбинонаро барои тағйири шеваи зиндагӣ пешниҳод карда аст.

Ба гузориши сомонаи хабарии Саломат ниюз, ба нақл аз Юнайтедпресс  , Уэайн  Гилман-коршиноси улуми тағзия,ки‪ 30 сол дар ин замина таҳқиқ карда аст, чунин тавсия  мекунад:

1- Ҳар рӯз   ҳафт бор ва ё бештар мева ва сабзиҷоти пурранг истеъмол  кунед.

2-Истифода аз зинаҳо : Боло рафтан аз зинаҳо равиши  соддае  барои ворид кардани  чанд дақиқа варзиш ба барномаи рӯзонаи зиндагӣ аст.

3- Биистед ва гулҳои муъаттарро бу  кунед: Мутолиоти  дармонӣ  нишон   медиҳад   буи хуш  метавонад бар вазъияти  руҳӣ, оромиши  асабҳо ва муносиб шудани  оҳанги  зарабон(задан)и дил  таъсир гузорад.

4- Камаш  ҳафт соат бихобед.

5- Оби бештаре  бинушед, аммо қаҳва ва оби газдор шомили   ин мавзӯъ намешаванд.

6-Пробиотеки  бештар  истеъмол кунед. Пробиотекҳо   бактерияҳои муфиде ҳастанд,ки ба таври  табиъӣ  дар бадан ёфт мешаванд ва  метавонанд аз саломатии  узви ҳозима  ҳимоят карда, баданро дар муқобили   бактерияҳои  бад  муҳофизат кунанд. Ин бактерияҳои муфид  дар  бархе  мукаммилҳо(афзуданиҳо)и  хурокӣ   ёфт мешаванд.

 

 

 

Барчасп