Бо ин хурокиҳо аз саратон эмин бимонед
Оё воқеъан истифода аз навъҳои гуногуни хурокиҳо метавонад аз эҷоди саратон ҷилавгирӣ кунад? Посухи мо мусбат аст. Бале, чаро ки на!
Навъҳои гуногуни меваҳо ва сабзиҷот(кабутиҳо) хосиятҳои мухталифе доранд ва гоҳо ҳатто мутахассисон намедонанд онҳо чи гуна боиси пешгирии беморҳое ҳамчун саратон ё ҳатто туморҳои мағзӣ мешаванд, аммо воқеъият ин аст ки корро анҷом медиҳанд.
Дар ин матлаб феҳристе аз навъҳои гуногуни маводҳои хурокиро, ки метавон ба роҳатӣ дар ғизоҳо ва хурокиҳо аз онҳо истифода кард,номбар мекунем.
1. Марминҷон
Марминҷон ё тамашк (ба лаҳҷаи эронӣ "тамишк" ва забони русӣ "малина") , чакка ва навъҳои гуногуни кишмишҳои бедона(смародина)дар пешгирӣ аз навъҳои гуногуни саратонҳо таъсиргузор ҳастанд. Таҳқиқот нишон дода аст кишмишҳои бедона ва навъҳои гуногуни ангурҳои калон ва арғувонӣ унсурҳое дар худ доранд, ки боис мешавад ҳуҷайраҳои саратони ҷигар худашонро аз байн баранд. Навъҳои дигар ва камёби ин меваҳо аз пайдоиши саратони тухмдон дар хонумҳо ҷилавгирӣ мекунанд.
2. Чои кабуд
Яке аз навъҳои хурокиҳои гиёҳӣ, ки мушаххас шуда аст дар ҷилавгирӣ аз эҷод ва пайдоиши дубораи саратони сина ва дигар саратонҳо нақши таъсиргузоре дорад, чои кабуд аст. Ин нушиданӣ моддаи кимиёӣ(химиявӣ) ба номи EGCG дорад, ки монеъ аз рушди варамҳои саратони сина мешавад. Бо нушидани фақат ду финҷон(пиёла) чои кабуд дар рӯз метавонед аз эҷоди саратон пешгирӣ кунед.
3. Сир
Озмоишҳо ва таҳқеқот фаровонӣ дар дунё сӯрат гирифта ва ҳама онҳо тайед карда ҳастанд сир хосияти зидди саратон дорад. Бештари таъсири ин гиёҳ дар ҷилавгирӣ аз саратонҳои аъзои ҳозима ва албатта саратонҳои сина ва простатит аст. Таҳқиқот нишон додааст ҳар чи ашхос сири хом ва пухтаи бештаре истеъмол кунанд, камтар дучори саратонҳои меъда ва рудаи калон мешаванд. Озмоишҳо исбот кардаанд занони миёнсоле, ки ба таври мураттаб дар бештари навбатҳои ғизоии худ сир истеъмол мекунанд, 50 дарсад камтар аз дигар ашхос дучори саратони рудаи калон мешаванд.
Дар сир ду модда ба номҳои аликин ва алиол вуҷуд дорад, ки монеъ аз эҷоди ҳуҷайраҳои саратонӣ дар бадани инсон ва ҳайвон мешаванд. Саъй кунед дар пухтани навъҳои гуногуни ғизоҳои худ сирро бигунҷонед. Коршиносон тавсия мекунанд миёни пуст кандани сир ва хурду реза кардани он ҳудуди 15 дақиқа фосила биандозед, то таъсири бештарӣ дошта бошад.
4. Брокколи ва карам
Муҳаққиқони ангилисӣ нишон додаанд мардоне, ки дар маърази варами саратонии простатит буданд, бо истеъмоли брокколи 4 бор дар ҳафта, ин бемориро аз худ дур карданд. Навъҳои гуногуни карамҳо низ ҳамчун карами тукмаӣ низ хосияти зидди саратон доранд. Албатта шалғамро низ метавон ба ин хонавода изофа кард.
5. Пиёз ва тараи фарангӣ
Бояд донист навъҳои гуногуни гиёҳоне, ки аз ҷинси сир ҳастанд ҳамчун худи сир, пиёз ва тараи фарангӣ(лук-порей), нақши бисёр пурранге дар пешгирии саратон доранд. То метавонед дар ғизои худ аз ин мавод истифода кунед.
6. Помидор
Маводи кимиёии фаъъол дар памидор(гуҷа фарангӣ) хосияти зидди саратон доранд. Помидор бештар барои аз байн бурдан ва пешгирии саратонҳои простатит , сина, рия(роҳи нафас) ва рудаи калон муносиб аст. Хеле ҷолиб аст бидонем,ки помидори пухташуда низ ҳамин нақшро дорад, банобарин аз соуси помидор бар рӯи ғизоҳои гуногун истифода кунед.
7. Соя
Яке аз маводи мавҷуд дар соя(суё) жинистин аст, ки навъе фитоастроген аст, ки аз бурӯзи саратонҳои гармонӣ ҷилавгирӣ мекунанд. Соя ҳамчунин як боздорандаи қавии навъҳои гуногуни протиинҳое аст, ки муҷиби рушди ҳуҷайраҳои протиин мешаванд. Барои истифода аз хосияти зиддисаратонии соя бояд рӯзона камаш 50 грамм аз онро истеъмол кунед.
8. Зардчуба
Хокаи зардранги зардчуба, ки дар навъҳои гуногуни ғизоҳои эронӣ , ҳиндӣ ва дигар осиёиҳо ба таври фаровон истифода мешавад, нақши бисёр муҳим дар ҷилавгирӣ аз саратон дорад. Ин адвия(доругӣ) як антиоксидони қудратманд аст. Ин доругӣ аз эҷоди лахтаҳои саратонӣ ҷилавгирӣ мекунад. Хушбахтона истифода аз ин модда бисёр осон аст ва метавон дар ҳама навъҳои ғизоҳо онро изофа кард. Албата бояд таваҷҷуҳ дошта бошед доруҳои зиддисаратоние, ки аз зардчуба таҳия мешаванд, ҳамон асари худи адвияро надоранд. Ҳамчунин беморони саратон набояд аз пеши худ ва бидуни машварат бо пизишки худ, хеле зиёд аз зардчуба дар ғизои худ истифода кунанд.
9. Шоҳии обӣ (булоғавгусте) ва исфаноҷ
Истифода аз шоҳии обӣ дар ҳама навбатҳои ғизо боис мешавад то DNA камтар осеб бубинад ва саратон эҷод нашавад. Албатта медонем, ки ин гиёҳ ҳамеша дар дастрас нест, аммо бояд саъй кунед онро таҳия ва ҳар рӯз истеъмол кунед. Антиоксидонҳои мавҷуд дар баргҳои сабзи ин гиёҳ монеъ аз фаъолияти радикалҳои озод ва осеб дидани ҳуҷайраҳои солам мешавад. Исфаноҷ(испанох) низ хосияти зиддисаратонӣ дорад. Ин гиёҳи хуштаъмро метавон ба шаклҳои гуногун дар ғизоҳои мухталифи худ гунҷонд. Исфаноҷ монеъ аз эҷоди саратони масона мешавад. Ҳамчунин баргҳои сабзу тираи ин гиёҳ хатари гирифторӣ ба саратон ҷигарро низ коҳиш медиҳанд.