Омега-3 барои саломатии чашм муфид аст
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i16174-Омега_3_барои_саломатии_чашм_муфид_аст
Ҳамон гуна, ки худрав ба равғанкорӣ ниёз дорад,бадани инсон ҳам барои амалкарди саҳиҳ ба асиди чарби(кислотаи равғанӣ ) муфид ниёз дорад. Омега-3 яке аз ин кислотаҳои равғании зарурӣ аст, ки дар дунёи пизишкӣ аҳаммияти зиёде дорад. Омега-3,ки "моддаи муъҷизагари қарни 21" номида мешавад, хосиятҳои фаровоне дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 24, 2017 05:01 Asia/Dushanbe
  • Омега-3 барои саломатии чашм муфид аст

Ҳамон гуна, ки худрав ба равғанкорӣ ниёз дорад,бадани инсон ҳам барои амалкарди саҳиҳ ба асиди чарби(кислотаи равғанӣ ) муфид ниёз дорад. Омега-3 яке аз ин кислотаҳои равғании зарурӣ аст, ки дар дунёи пизишкӣ аҳаммияти зиёде дорад. Омега-3,ки "моддаи муъҷизагари қарни 21" номида мешавад, хосиятҳои фаровоне дорад.

Ба гузориши Саломатниюз ба нақл аз Хуросон, Омега-3 аз бурузи бемориҳои мухталиф монанди бемории қалбӣ, фишори хуни баланд, холестрени  баланд, дарди мафосил(буғумҳо),афсурдагӣ ва ҳатто саратон пешгирӣ мекунад.

Омега-3; дармони табиъии  рӯзона

Омега-3 яке аз кислотаҳои равғании  зарурист, ки бадан барои сухту соз ба он ниёз дорад. Истеъмоли кислотаи равғанӣ ба  ин далел лозим аст, ки бадан қодир ба тавлиди он нест ва бояд аз тариқи  масрафи маводи ғизоӣ таъмин шавад. Омега-3, ки равғани муфид ба ҳисоб меояд бо шикастани колострол ва афзоиши сухту сози бадан дар коҳиши вазн ҳам таъсиргузор  аст. Ба қадре дарёфти кислотаи равғании Омега-3 зарурӣ ва  муҳим аст, ки бадан камбуди онро аз тариқи  экзема(бемории пустӣ), артрит(варами буғумҳо) ва мавориди монанди онҳо   нишон медиҳад.

Омега-3 монеъ аз коҳиш ва аз даст додани қудрати биноӣ мешавад

Агар бо боло рафтани син нигарони коҳиши қудрати биноии худ ҳастед беҳтар аст, ки кислотаи равғании Омега-3- ро ба барномаи ғизоии  худ изофа  кунед. Омега-3  монеъ  аз бурузи бемории чашмии   оби сиёҳ(глаукома)низ мешавад. Натоиҷи баррасиҳо рӯи искимосҳои  Гренландия  нишон медиҳад истеъмоли  зиёди равғани моҳии ғанӣ аз Омега-3   боиси коҳиши омори бемории оби сиёҳ дар ин сарзамин шудааст.

Илова бар он кислотаи равғании Омега-3 монеъ аз бурузи табоҳии доғи  зарди  марбут ба афзоиши син мешавад. Маводи ғизоии ғанӣ аз Омега-3   шомили гирду(чормағз), равғани донаи катон(льняное масло), моҳиҳои солмун(лосось) ва  сардина  ва исфиноҷ(шпинат) аст. Агар ҳам ба сахтӣ метавонед маводии ғизоии дорои Омега-3-ро ба барномаи ғизоии худ изофа кунед бо назари пизишк аз мукаммилҳо(доруҳо)и  дорои  Омега-3 истифода кунед.