Апрел 26, 2017 12:22 Asia/Dushanbe
  • Хосияти дармонии какао

Аз донаҳои ҷамъоваришудаи дарахти какао хокаи какао таҳия мешавад, ки ба унвони моддаи доруӣ ва ғизоӣ, нушиданӣ, шоколад ва дигар хурокиҳо мавриди истифода қарор мегирад.

 Какаоро бештари мардум таҳти унвони шоколади   какаоӣ мешиносанд. Равғани  какаоӣ  низ дар ширинипазӣ, пардозиши тутун, собун ва фаровардаҳои  ороиши истифода мешавад ва қиматтарин чарбии  ҷаҳон аст.

Какао  ба унвони доруи энержибахш, шодиофарин ва тақвияткунандаи  қалб (дил) шинохта мешавад.

Дар баъзе аз мутолиъот собит шуда аст какао боъиси коҳиши фишори  хун ва танзими  холестрин бад дар хун мешавад.

Ин гиёҳ ба унвони зиддиуфуникунанда ва ангал   низ мавриди истифода қарор мегирад.

Аз хавоси дигари  какао  метавон  ба хосияти идроровари, қоъида оварӣ ва сиқт  кунандагии он ишора     кард.

Дар баъзе аз нуқоти дунё аз какао барои дармони  тоси, сухтигӣ, сурфа, хушкии  лабҳо ва чашм истифода мекунанд.

 Какао энержибахш буда ва боъиси аз байн рафтани беҳолӣ, сахтии  зоимон , ҳомилагӣ ва румотисм мешавад.

Маҳаллиҳо аз какао дар дармони моргазидаги ва ҷароҳат низ баҳра мебаранд.

Ба иллати вуҷуди  тонин дар пуста  ва решаи  какао фаъолияти зидди тумур  барои ин гиёҳ низ пешбини шуда аст.

Какаои   холис ва тасфия нашуда  асари антиоксиди  қавӣ дар пешгирӣ аз бемории дил ва саратон дорад, аммо тайи  фароянди шакалотсозӣ  миқдори зиёде аз маводи антиоксиди какао аз байн меравад. Банобар ин метавон  гуфт шакалоти таҳия шуда аз какао ба далели  анҷоми фароянд дар корхонаҳо хавоси муфиди донаи какаои холисро надорад.

Нушидании  какао

агар пусти  ҳастаи  какаоро дам кунед  бинушед  матбуъе  аз он ба даст меояд ки буи  шакалот дорад ва дорои миқдори зиёде витомин ва барои тақвияти  устухонҳо  муфид аст. Махсусан ба касоне   ки нармии  устухон (рошитисм) ҳастанд  масрафи ин ҷушонда тавсиа мешавад.

Равғани какао

Донаи  какао дорои 50 дарсади  чарбӣ аст. Аз какао дар саноъати лавозими ороиши ва зебоӣ ва ҳамчунин атрсози истифода мешавад.

Зарарҳои  ҷонибӣ

Масрафи носаҳеҳи какао боиси   осеб дидани  ҷигар ва қалб  мешавад. Касоне ки табъи гарм доранд  бояд аз хурдани беш аз ҳадди какао ва маҳсулоти он худдорӣ  кунанд. Барои ашхоси дучори бемории қанд низ хурдани  какао  мамнуъ аст.

 

 

 

Барчасп