Стресси корӣ-омили аслии бемориҳои равонӣ дар байни кормандон
Устод ва муҳаққиқи донишгоҳи Ди Кейни Австралия гуфт: Стресс(ҳаяҷон ва фишор)и корӣ омили аслии ривоҷи бемориҳои равонӣ(психикӣ) дар байни кормандон аст.
Ба гузориши ИРНА, доктор Канэ Зинг афзуд: Бар асоси таҳқиқоти сурат гирифта робитаи маънодоре байни стресси корӣ ва мушкилоти руҳиву равонии бархоста аз он дар байни кормандон вуҷуд дорад.
Стрессҳои кории зиёд, анҷоми фаъолиятҳои корӣ ба муддати тулонӣ, дархости мудири корхона ё созмон дар бораи анҷоми кори бештар ва набуди амнияти шуғлӣ аз далелҳое аст, ки стресс ва шеваи бемориҳои равониро ба мизони қобили таваҷуҳе густариш медиҳад.
Бар ин асос стрессҳои шуғлӣ саломатии физикӣ ва руҳии фардро бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ карда ва мушкилотеро байни кор ва хонавода эҷод мекунад.
Дар як таҳқиқе ки назарияҳои гуногуне лиҳоз шуда буд робитаи байни ризоятмандӣ аз кор ва беҳбуди саломатии руҳӣ ва равонӣ , коҳиши мизони фаъолияти корӣ ва гароиш ба фаъолиятҳои дигар ғанисозӣ ва тақвияти фикрӣ ва руҳӣ буда аст.
Ин устод ва муҳаққиқи донишгоҳи Ди Кейни Австралия гуфт: Мавридҳои стрессзоро дар муҳитҳои корӣ метавон бо ба коргирии роҳкорҳое ба камтарин сатҳ коҳиш дод, ки дар ин миён фард нақши калидӣ дорад.
Вай бо ишора ба ин ки бисёре аз кормандон дар муҳитҳои корӣ масоили хурдро бисёр бузургнамоӣ мекунанд ва бар стресси руҳӣ ва равонии худ меафзоянд изҳор кард: Бархе аз кормандон низ авомил ва масоили бузургро бисёр хурд мепиндоранд, ки дар воқеъ мудирияти стресс қаламдод мешавад.
Тағйири навъи сабки зиндагӣ, гузашпазирии кофӣ,истифода аз сиёсатҳои ташвиқӣ аз суи мудирони созмонҳо ва ҳимоятҳои лозим метавонад ба коҳиши стресси корӣ мунҷар шавад.
Нигариши мусбат ба зиндагӣ ва эҷоди таъодули лозим байни кор ва зиндагӣ метавонад дар ин бахш низ бисиёр асаргузор бошад.
Устод ва муҳаққиқи донишгоҳи Ди Кейни Австралия гуфт: Инсон бо мудирияти саҳеҳи афкори худ нақши муҳиме дар дастёби ба барқарории эҷоди таъодул байни зиндагӣ ва фаъолияти шуғлии худ дорад ва дар ин миён созмонҳо бо ироаи барномаҳои тавонмандсозӣ дар ин масир нақши асаргузоре доранд.
Вай изҳор кард: Ин таҳқиқ бар руи 200 нафар аз ҷомеъаи ҳадафи мутолиъа анҷом шуда ва 1600 омили дахлдор дар ин баҳс мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта аст.