Май 03, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Пиёдаравӣ хатари гирифтор шудан ба диабетро коҳиш медиҳад

Муҳаққиқони англисӣ бо анҷоми таҳқиқоте дарёфтанд, ки пиёдаравӣ то маҳалли кор 40 дар сад хатари гирифторӣ ба диабетро коҳиш медиҳад.

Ба гузориши гурӯҳи ахбори илмии ИРНА, мутахассисони колеҷи Империал ва донишгоҳи Ландан байни солҳои 2009 то 2011, бо таҳқиқот рӯи  20 ҳазор англисӣ ба ин натиҷа расиданд, ки дучархасаворӣ, пиёдаравӣ ва истифода аз  нақлиёти умумӣ бо коҳиши вазн ҳамроҳ аст ва хатари гирифтор омадан ба диабетро коҳиш медиҳад.

 Дар муқобил истифода аз таксӣ ва мошини шахсӣ барои расидан ба маҳалли кор, боиси зиёд шудани вазн мегардад.

Муҳаққиқон ҳамчунин дарёфтанд, ки эҳтимоли гирифтор шудан ба навъи 1 ва 2 и диабет дар касоне, ки пиёда ба кор мераванд коҳиш меёбад.

Ҳамчунин хатари афзоиши фишори хун низ дар ин афрод то 17 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи муҳаққиқон хатари гирифтор шудан ба диабет дар касоне ки бо дучарха ба ҷои кор мераванд, нисбат ва мошинсаворон ба нисф коҳиш меёббад.

Фишори хуни боло, диабет ва вазни изофаро, ки ҳамагӣ аз далелҳои бемориҳои қалбӣ ба шумор меравад, бузургтарин омили маргу мир дар Англия ба шумор меравад.

Ҳар сола 3 миллион нафар дар ин кишвар ба диабет гирифтор мешаванд, ки ин мизон аз 20 як қисмати ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳад.

 

Барчасп