Май 04, 2017 12:09 Asia/Dushanbe
  • Шаш хурдании муфид барои тақвияти чашмҳо

Беш аз 25 милион нафар аз мардуми ҷаҳон ба мушкилот ва ноҳинҷориҳои биноӣ назири оби марворид(Катаракта) гирифтор ҳастанд ки ин мушкилот метавонанд омили нобиноӣ дар афроди болои 55 сол бошанд.

Ин бемориҳо ағлаб ба далели падидаи оксидосюн(туршшавӣ)  ва бурузи  илтиҳоб дар чашмҳо эҷод мешаванд, аммо таҳқиқот  аз он ҳикоят дорад, ки маводи хурокии  дорои резмуғаззиҳое(элиментҳои хурд) мавсум ба "лютеин"  ва  "загзантин » метавонанд эҳтимоли  гирифторӣ  ба бемориҳои  музмини( ба русӣ" хранический")  чашмиро коҳиш  диҳанд.

Ба гузориши  Ридрз Дайҷист, дар бархе мутолиот низ ошкор шуда аст, ки режими ғизоии дорои  витаминҳои  С ва Е, Бета-каротин,  ва кислотаҳои равғании Омега-3 метавонад аз беморҳои чашмии бархоста  аз афзоиши  син ва солхурдагӣ пешгирӣ кунад. Бархе аз хурданиҳои муфид дар ин замина иборатанд аз:

- Карами баргдор : Карами баргдор манбаъи ғанӣ аз антиоксидонҳо ва витаминҳое аст, ки масрафи он барои муқобила бо саратон зарурӣ аст. Ҳамчунин ин сабзавот дорои миқдори  қобили таваҷҷуҳи  Бета-каротин, "лютеин"  ва  "загзантин » аст.

- Ҷуворимакка : Ин моддаи хурокӣ  низ дорои  "лютеин"  ва  "загзантин » буда ва дар дармон ва пешгирӣ аз беморҳои музмини чашмӣ  таъсиргузор  аст.

- Исфиноҷ: Як финҷон исфиноҷ дорои  20.4 миллиграмм "лютеин"  ва  "загзантин » аст, ки масрафи  он ба сурат пухта  боис мешавад бадани "лютеин"   мавҷуд дар онро ба ҷазб кунад.

- Брукли: Ин сабзӣ саршор аз фебр(нах)и  хурокӣ  дорои  миқдори қобили таваҷҷуҳи  витамин С ва Бета-каротин ҳамчунин "лютеин"  ва  "загзантин » аст, ки барои саломатии чашм муфид ҳастанд.

- Тухми  мурғ: Яке аз солимтарин  маводи  хурокӣ  барои шурӯъ кардан рӯз масрафи  тухми мурғ аст. Бинобарин масрафи  ин моддаи хурокии протиенӣ  ба далели  доро будани  "лютеин", витамини Е ва кислотаҳои равғании Омега-3  ва дигар маводи  ғизоӣ  ва витаминҳо тавсия  мешавад.

- Апелсин :Ин мева ки дорои  витамини С аст ба беҳбуди  саломати бофтҳои  чашм кумак мекунад. Илова бар ин масрафи витамини С боис мешавад то дигар туршшавандаҳо  ҳамчун витамини Е дар чашмҳо тавлид шаванд.

 

Барчасп