Таъсири сабки зиндагии ашхос бар ҳуҷайраҳо ва бофтҳои бадан
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i16790-Таъсири_сабки_зиндагии_ашхос_бар_ҳуҷайраҳо_ва_бофтҳои_бадан
Муҳаққиқон эълом карданд,ки сабки дурусти зиндагӣ бар сухту сози ҳуҷайраҳо ва бофтҳои бадан таъсир мегузорад ва онҳоро тармим мекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 07, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Таъсири сабки зиндагии ашхос бар ҳуҷайраҳо ва бофтҳои бадан

Муҳаққиқон эълом карданд,ки сабки дурусти зиндагӣ бар сухту сози ҳуҷайраҳо ва бофтҳои бадан таъсир мегузорад ва онҳоро тармим мекунад.

Ба гузориши Health, муҳаққиқони донишгоҳи Мюнхени Олмон гуфтанд сабки дурусти зиндагӣ бар раванди кимиёии  митиласияи  DNA  дар бадан, ки муҷиби сухту сози ҳуҷайраҳо мешавад, таъсир  мегузорад.Ин раванд ба навбати худ бар амалкарди  генҳо ё ҳамон эпигенетика  таъсир  мегузорад.

Ба гуфтаи  донишмандон дар воқеъ миёни эпигенетика ва сабки зиндагӣ иртибот вуҷуд дорад; ба тарзе,ки шеваҳои хобидан,хурок, фаъолияти баданӣ ва фаъолиятҳои руҳиву   равонӣ  бар кори  ҳуҷайраҳо ва дар сатҳи молекулаҳо таъсиргузор  аст.Ин муҳаққиқон эълом  карданд, ки  бо  ин кашфиёт   метавон  бисёре  аз мавридҳои  вобаста  бо сабки зиндагиро тавзеҳ дод ва  иллати  онҳоро баён кард.

Сабки зиндагӣ дар дониши пизишкӣ  шомили  мавридҳое ҳамчун хурок, фаъолияти баданӣ ва фаъолиятҳои руҳиву   равонӣ  ва хоби инсон аст .Ашхосе,ки  сабки зиндагии солимтаре доранд нисбат ба дигарон дертар бемор мешаванд, солим зиндагӣ  мекунанд ва дар маҷмӯъ тули умри бештаре доранд.Сабки зиндагии носолим низ ба навбати худ ба бурӯзи  бисёре  аз бемориҳои феълии  башар аз ҷумла диабет, фишори  хуни боло, сактаҳои мағзй ва қалбӣ  ва бемориҳои роҳи нафаскашӣ ва шуш мунҷар мешавад.Муҳаққиқон бар  ин боваранд ки  бояд мардум дар ҷомеъаҳои мухталиф бар асоси шароити  обу  ҳавоӣ,иқлимӣ ва фарҳангӣ ба истифода аз сабки зиндагии муносиб ташвиқу тарғиб  шаванд.