Сигарет - омили аслии саратони пешобдон
Донишмандон афзоиши шумори гирифторон ба саратони пешобдон(масона) ва гурдаро ба афзоиши кашидани духониёт(сигарет ва қалён) дар асри ҳозир нисбат доданд.
Ба гузориши сайти Health, коршиносон ва мутахассисони урология таъкид доранд ҳарсола дар кишваре монанди Фаронса беш аз 5000 нафар бар асари гирифторӣ ба саратони пешобдон ҷони худро аз даст медиҳанд,ки ин омор беш аз шумори қурбониёни ҳодисаҳои ронандагӣ аст.Коршиносон дар гузоришҳои худ бар таъсири кашидани барзиёди сигарет бар пешобдон таъкид ва хотирнишон карданд маводи заҳрӣ ва саратонӣ аз тариқи узвҳои берункунандаи пешоб,яъне гурда ва пешобдон хориҷ мешавад ва ҳангоми ихроҷи ин мавод зарбаи шадиде ба пешобдон ворид мешавад.
Ба гузориши мутахассисони урология шумори солҳое, ки бемор сигарет кашидааст ва миқдори сигаретҳое,ки дар тули солҳо кашидааст , ҳамагӣ дар хатари гирифторӣ ба саратони пешобдон нақш доранд.Урологҳо эълом карданд, ки дар сигарет 43 моддаи заҳрии саратонӣ вуҷуд дорад ва ҳама омилҳои гирифторӣ ба саратони пешобдон ба кашидани духониёт вобаста аст.
Маводи заҳрии мавҷуд дар сигарет аз тариқи пешобдон берун мешавад.Пешобдон нақши махзанро барои пешоб ифо мекунад ва тамоси бардавом бо маводи заҳрии мавҷуд дар духониёт эҳтимоли бурӯзи саратон дар девораҳои дохилии пешобдонро афзоиш медиҳад.Урологҳои фаронсавӣ бо ин ҳол таъйид карданд ҳарчанд ҳама сигареткашҳо дар маърази ин маводи саратонӣ қарор доранд, аммо омилҳои генетекии шахсӣ низ дар гирифторӣ ба саратони пешобдон таъсир дорад.