Хосиятҳои оби ангур дар дармони чину чурук
(last modified Wed, 10 May 2017 07:16:35 GMT )
Май 10, 2017 12:16 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳои оби ангур дар дармони чину чурук

Оби ангур барои дармони чину чурук ва ботароват кардани пуст бисёр таъсиргузор аст.

Доктор Муртазо Сафавӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА гуфт: Аз равғани донаи  ангур метавон ба ҷои креми мартубкунанда( ба русӣ " увлажняющий крем") барои пуст истифода кард, зеро онро бисёр   нарм ва шодоб мекунад. Вай дигар хосияти равғани донаи  ангурро дармонбахшии    касоне баён кард , ки сармозада шудаанд.

Ин коршиноси  соҳаи хурокворӣ  изҳор кард: Оби ангур барои дармони  варами буғумҳо  , ревматизм, тақвияти умумии бадан ва ҳамчунин барои касоне ки ба далили бемории тулонимудат дучрои заъф шудаанд, рафъи лоғарӣ, камхунӣ, юбусат ва бавосир(геморрой) бисёр таъсиргузор  аст.

Вай таъкид кард: Оби ангур барои  касоне, ки дорои  пешоби  хунии болое ҳастанд ва ҳамчунин пешобоварӣ барои  афроде, ки   варами  гурда  доранд бисёр  муфид аст.

Сафавӣ аз дигар хосияти оби ангурро кумак барои  рафъи норасоӣ ва осонкунандаи захираи  қанд ва дафъи сафро(талха) дар ҷигар баён кард ва афзуд:Кудакони лоғар, ки  мойил ба  афзудани  вазни худ   ҳастанд дар ду навбати  субҳ ва аср метавонанд як истакон  оби ангур истеъмол  кунанд.