Май 10, 2017 12:21 Asia/Dushanbe
  • Зардчуба дар дармони саратон, афсурдагӣ ва диабет таъсиргузор аст

Ба гузориши гуруҳи ахбори илмии ИРНА аз пойгоҳи хабарии Top Sante, таҳқиқоти донишгоҳи пизишкии Техас ва маркази саратони Хюстон, воқеъ дар Амрико нишон медиҳад “куркумин», ки яке аз аҷзои ташкилдиҳандаи зардчуба аст метавонад ба дармони саратон, афсурдагӣ ва диабет кумак намояд.

Дар тибби халқӣ  аз ин адвия(доругӣ) барои дармони бемориҳое монанди  мушкилоти занон, мушкилоти меъда, ҷигар, бемориҳои  сирояткунанда ва бемориҳои хунӣ истифода мешавад ва имрӯза илми рӯзи дунё барои истифода аз ин доругӣ далелҳое илмӣ ёфтааст.

Мутолиоти ҳуҷайраҳо нишон медиҳад куркумин, ки 2 дарсад аз 5 дарсади кулли  зардчубаро ташкил  медиҳад  моддае зидди микроб, омили зидди ҷаҳишзо,зидди саратон ва зидди микроб аст.

Ба гуфтаи  муҳаққиқон мутолиоти зиёде дар ин замина бар руи  ҷонварон анҷом шудааст, ки  тавоноии амалии  ин адвия дар баробари  бемориҳои  илтиҳобӣ монанди  саратон, бемориҳои асабӣ, афсурдагӣ, диабет, фарбеҳӣ  ва  атеросклерозро нишон медиҳад.

Дар мутолиоти  болинӣ(клиникӣ) низ ин адвия дар баробари  бемориҳои  гуногуни   инсонӣ аз ҷумла сил, саратон, диабет, синдроми  таҳрикпазири  руда, наррак  ва фиброз   асарбахшии   худро  нишон додааст.

Ин ёфтаи ахири  донишмандон   дар маҷаллаи   Molecular Nutrition & Food Research    мунташир  шудааст.

Барчасп