Май 15, 2017 09:39 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Имом Ризо (а) дар пешгирӣ аз пукии устухон

Имом Ризо (а) дар мавриди ҳифзи тавони устухонҳо ва ҷилавгирӣ аз пир шудани онҳо тавсияҳое доранд, ки аз ҷумлаи он метавон ба хӯрдани боқило, барги чуғундар ва ғайра ишора кард.

Яке аз мавзӯъҳое, ки дар тибби имомон (а) мавриди ишора қарор гирифта, роҳҳои тақвият ва истеҳкоми устухонҳои бадан аст.

Мутобиқи омӯзаҳои пизишкии имомон (а) инсон дорои дувоздаҳ андоми аслӣ, 264 устухон ва сесаду шаст раг аст. Маводи ғизоии мухталифе ҳам вуҷуд дорад, ки ба тақвият ва истеҳкоми устухонҳо барои таъмини саломатии бадан кӯмак мекунад.

Имом Ризо (а) дар мавриди ҳифзи тавони устухонҳо ва ҷилавгирӣ аз пир шудани онҳо хӯрдани боқилоро муфид медонанд. Он ҳазрат мефармояд: Хӯрдани боқило, мояи тақвияти мағзи устухонҳои соқи пой мешавад, тавони мағзро афзун ва хуни тоза тавлид мекунад.

Дар ривояти дигар мефармоянд: Барои беҳбуди вазъияти устухонҳо истифода аз барги чуғундар (лаблабу)-ро тавсия кардаанд. Чунки дар он, шифои ҳар дарде аст, устухонро дурушт мекунад ва гӯшт мерӯёнад.

Дар баёне дигар дарахти анҷирро шабеҳтарини гиёҳон ба гиёҳони биҳиштӣ донистаанд ва дар хавоси эъҷобангези ин меваи биҳиштӣ дар тақвияти устухонҳои бадан мефармояд: Анҷир рутубати баданро аз байн мебарад ва устухонро муҳкам карда ва мӯро бар бадан мерӯёнад ва дардро аз байн мебарад ва бо вуҷуди анҷир ниёзе ба дору нест.

Имом Ризо (а) ҳамчунин, дар суфориши дигар дар ин замина мефармояд: Оби гарм, агар онро ҳафт ҷӯш биҷӯшонӣ ва аз зарфе ба зарфи дигар дароварӣ, табро мебарад ва нерӯро ба соқи пой ва қисмати пойинтар аз муч, сарозер мекунад.

Ва барои камардард ҳам мефармоянд: Нахуд барои камардард муфид аст. Дар бораи эшон низ нақл шудааст, ки ӯ пеш ва пас аз ғизо, онро металабид.

 

 

 

Барчасп