Май 15, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Чигуна бо гармо мубориза кунем?

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, дамои ҳаво рӯзҳои 12 то 15 май дар ин кишвар ба шиддат гарм мешавад. َAммо чигуна бо гармо мубориза кунем?

Фасли  тобистон дар  ҷараён аст.Ин рӯзҳо гоҳе  ҳаво чунон гарм мешавад, ки арақ аз сару руямон  ҷорӣ мешавад, хастагӣ ва беҳолӣ  бар мо ғалаба мекунад ва ташнагӣ сарупои  вуҷудамонро фаро  мегирад.

Ба гузориши  сомонаи Салом Ниюз,  дар ин сурат аст, ки мудом аз худ мепурсем чигуна мешавад бо ин гармо муқобила кард?  Оё нушидани об ба танҳоӣ барои таҳаммули гармои  ҳаво кофӣ аст?   Нақши хурок   дар муқобила бо аз даст додани оби  бадан   чист?  Ҳамаи  ин саволҳо посухҳое доранд. Муҳим ин аст ки иҷозат  надиҳед баданатон оби худро аз даст бидиҳад ва дучори хастагӣ бишавед. Барои  муқобила бо гармо ва аташи тобистон ба матолиби зер таваҷҷуҳ фармоед.

 Таъриқ

Таъриқ ё ҳамон арақ  кардан падидаи  комилан табиъии  бадани инсон ба ҳисоб мешавад ва бархилофи  бовари  умумӣ бахше аз системаи  хунуккунандаи бадан аст, ки боис мешавад бадан дар дамои  муносибе қарор гирад. Дар воқеъ арақ ин тавоноиро дорад,  ки ба таври табиъӣ дар арзи чанд дақиқа баданро хунук кунад. Барои ҳамин аст вақте сахт машғули  кор ва фаъолият ҳастем арақ аз сару руямон ҷорӣ мешавад. Воқеъият ин аст ҳарчи бештар арақ кунед баданатон хунуктар мешавад. Илова бар ин арақ  оромбахши эдиалии асаби инсон низ ба ҳисоб меравад ва ин қобилиятро дорад, ки набзро танзим кунад. Ба таври  куллӣ  арақ кардан равише аст, ки бадан ба василаи он худро хунук нигаҳ медорад.

Бо вуҷудии  ин ки нақши таъриқ   дар хунук нигаҳ доштани  бадан дар навъи  худ бисёр ҷолиб ва фавқулода аст, аммо бояд донист, ки ҳамин арақ кори бисёр муҳими дигаре  низ анҷом медиҳад, ки хеле аз моҳо  ҳатто фикрашро ҳам намекунем;ин кор  дафъи заҳрҳои  бадан  аст!Пас   арақ кардан он қадар  ҳам бад чизе  нест. Аммо замоне ки арақ мекунед бадан об ва маводи менералии  худро низ аз даст медиҳад ва лозим аст, ки тамоми ин унсурҳо  ҷойгузин шаванд. Дар воқеъ лозим аст, ки дар фасли гармо хуб бихуред  ва хуб бинушед  то баданатон   оби худро аз даст надиҳад. Зеро аз даст рафтани оби бадан осебрасон хоҳад буд.

Чӣ бихурем ?

Мизони  натрий  ва калийи  бадани мо бояд мутаъодил бошад. Аммо мутаассифона ба далели  инки дар тули рӯз маводи ғизоии саршор аз натрий  ва намаки  бештаре масраф мекунем ин мувозина барҳам мехурад. Калий ба хусус агар аҳли варзиш бошед вазифаи эҳёи  энергиро бар уҳда дорад ва хастагиро аз ҷисм  бадар мекунад. Ин унсури муҳим дар банан,  зардолу, ҳандалак ва бештари меваҳо ва сабзиҷот ба мизони қобили таваҷҷуҳ вуҷуд дорад. Тавсия мекунанд  барои ҳифзи таъодули натрий  ва калийи  баданатон дар ҳар навбати  ғизоӣ  кабутии   тару  хушк, картошка, меваҳои тар ва хушк майл кунед. Қатъан гузинаҳои зиёде  барои интихоб  доред.

  Аз масрафи ғизоҳои обакӣ, ки боиси таъмини  оби бадан мешаванд ғофил нашавед. Ба ёд  дошта бошед масрафи маводи ғизоии шур мисли  чипс, сосиска ва колбаса, моҳии дуддодашуда ва ғайраро  маҳдудтар кунед.

 Мизони  протеин

Ҳарчӣ маводи ғизоии саршор аз протеини  бештаре  масраф кунед бештар эҳсоси гармо хоҳед кард. Мутахассисон тавсия мекунанд, ки масрафи рӯзона як грамм протеин ба ивази як килограмм вазни бадани  масрафкунанда кофӣ аст. Яъне инки агар шумо як зан ҳастед ва вазнатон  60 килограмм  ҳаст рӯзона ба 60 грамм протеин ниёз доред. Ин мизон бо масрафи 100 грамм гушти гусфанд ё гов, моҳӣ ё гушти  мурғ ва се маҳсулоти  ширӣ(шир,мост ё ҷурғот   ва панир)  таъмин мешавад.

Об.. об.. об...!

Аввалин силоҳи  мубориза бо гармо об аст. Дар фасли гармо оби зиёде  бинушед. Ҳамеша    об бояд дар  дастрасатон бошад ва ба таври мураттаб об бинушед. Мунтазир намонед,  ки ташнагӣ  ҳалокатон кунад  ва баъд ба суроғи об биравед. Албатта мизони оби  масрафӣ  ба фаъолияти физикии шумо бастагӣ дорад, аммо бидонед,  ки нушидани камаш  як литр об, яъне муъодили 8 стакан  лозим аст. Баъд ё пеш аз ғизо об бинушед. Метавонед оби холис бинушед ва ё инки миқдоре оби лимон  ва ё чанд барги пудина ба он изофа карда ва ташнагиатонро бартараф созед.

Агар тарафдори обҳои газдор ҳастед саъй кунед  навъҳои камнатрийи  он истифода кунед. Агар хеле оби ба истилоҳ холӣ  дуст надоред ё инки мехоҳед илова бар рафъи  ташнагӣ  офтобдида(загар) ҳам шавед тавсия мекунем аз оби меваи саршор аз каротиноидҳо  ва витаминҳо  истифода кунед, мисли оби ҳавиҷ( зардҷома,зардак ё сабзӣ) . Ин мавод мағзи шуморо аз осеби нури офтоб дар амон нигоҳ медоранд.

 Чанд тавсияи куллӣ

Аз нушидани моеъоти  ба истилоҳ  тагарӣ(хеле сарду гуворо)  ва хурдани   маводи ғизоии  хеле сард бипарҳезед. Бар хилофи ончи ки ҳамаи мардум тасаввур мекунанд нушидани обҳои хеле хунук ба ҳангоми ташнагӣ  на танҳо ташнагиатонро бартараф намекунад, балки боиси таъриқи бештар бадан мешавад. Бадан бо ҷазби сармо ба тасаввури инки бояд худро гарм кунад аксуламал нишон медиҳад  дар иваз замоне ки нушидании гарм ё доғ  хурда  мешавад баракси он  иттифоқ меуфтад ва бадан ба дунболи хунук кардани худ вориди амал мешавад.

Банобарин нушиданиҳоро  бар асоси  дамои  муҳит   интихоб кунед  ва аз нушидани  моеъоти  тагарӣ  бипарҳезед. Ҳамчунин аз масрафи  доругиҳое  мисли  қаламфур(филфил)  ва хардал(горчица) низ бипарҳезед, зеро боис мешаванд шумо бештар эҳсоси  гармо кунед .Дар ниҳоят тавсия  мекунем  барои муқобила бо гармои шадид, таъриқи  зиёд ва эҳсоси  хастагӣ   ғизои  саршор аз моеъот истеъмол кунед, то баданатон   моеъот ва оби  худро аз даст надиҳад.

 

 

 

Барчасп