Тарбуз бихуред
Тарбуз (ҳиндувона) хосиятҳои бисёре дорад аз он ҷумла зидди дилбеҳузурӣ аст.
Махсусан барои ашхосе, ки дар тобистон дучори гармозадагӣ мешаванд нушидани оби тарбуз бо каме гулоб метавонад муфид бошад.
Ин мева зиддиуфуникунандаи бадан ва дар воқеъ поккунандаи рудаҳо аст. 100 грамм тарбуз дорои 30 калория энергия, 4/0 грам протоин,2/0 грамм чарбӣ, 4/6 грам қанд, 3/0 грам фибр, 7 миллиграмм калсий,100 миллиграмм натрей, 7 миллиграмм витамини С ва 590 воҳиди байналмиллалии витамини А аст.
Тарбуз бо доштани беш аз 90 дарсад об барои рафъи ташнагӣ муносиб аст. Ҳеҷ мевае то ин андоза об надорад. Чун тарбуз дорои миқдори хеле каме натрий аст оби зиёдеро аз бадан дафъ мекунад ва барои касоне, ки нороҳатии гурда доранд ва афроде, ки идрори ғализ ва зардранг бо буйи тунд доранд бисёр хуб аст ва ҳатто метавонанд бо нушидани оби тарбуз ва об ба миқдори зиёд ин мушкилро аз байн бибаранд.
Албатта ашхоси диабетӣ(гирифторони касалии қанд) набояд дар масрафи тарбуз зиёдаравӣ кунанд, зеро монанди дигар меваҳо калория ва қанди озод дорад ва бадан ин калорияи изофиро ба сурати равған захира мекунад.