Муҳофизат аз чашм дар баробари нури офтоб
Тамоси тулонӣ бо шуъоҳои ултрабунафши мавҷуд дар нури хуршед метавонад боиси осеби ҷиддӣ ба чашм шавад.
Замоне ки фасли тобистон фаро мерасад тавсияҳои сода ва илмии зер метавонад чашмони шуморо дар муқобили шуъоҳои ултрабунафши нури хуршед ҳифз кунад.
Ба тадриҷ ки ба фасли гармо наздик мешавед ва замони бештареро берун аз манзил сипарӣ мекунед дар хатари бештари осеби бархоста аз ултрабунафши нури хуршед на танҳо аз назари эҳтимолӣ осеби пустӣ, балки аз назари осеби чашмӣ ҳастед. Ултрабунафш метавонад ба бофтҳои чашм осеб расонда боиси ба мушкилоти ҷиддии биноӣ шавад.
Бархурд бо ултрабунафш метавонад боъиси каротит (варами қарния) эҷоди нохунак ва дигар бемориҳо шавад. Ултрабунафш ҳамчунин хатари бурузи которокт (оби марворид )-ро афзоиш медиҳад. Бовар бар ин аст ки шуъоҳои ултрабунафш ба унвони омили хатарсоз барои эҷоди доғи зарди шабакаӣ аст, гарчи ин иддао дар ҳамаи мутолиъот исбот нашуда аст.
Шеваи осебҳои чашмӣ вобаста аз шуъоҳои ултрабунафш дар сокинони наздикии хатти Экватор ва дар ашхосе, ки замони бештареро дар зери нури офтоб сипарӣ мекунанд ( назири кишоварзон ва моҳигирон ) бештар аст, ба таври мисол аз назари эҳтимоли эҷоди оби марворид дар солҳои 1980 бар руи афроде, ки дар маърази нури офтоб қарор доштанд мутолиъоте анҷом гирифт. Бар асоси ин мутолиъот ашхосе, ки аз кулоҳ ё айнаки офтобӣ ё зиддиофтоб истифода намекарданд нисбат ба касоне, ки аз кулоҳ ё айнаки офтобӣ истифода мекарданд, се баробар бештар дучори оби марворид шуданд. Пас натиҷа мегирем ки дар ашхосе ,ки замони бештаре дар маърази нури офтоб қарор доранд эҳтимоли бурузи оби марворид бештар аст.
Хушбахтона бо пешгириҳои сода ва таъсирпазир метавон хатари осебҳои чашмии бархоста аз шуъоҳои ултрабунафш нури хуршедро коҳиш дод. Шумо метавонед аз кулоҳи лабдор ва бахусус аз айнаки офтобӣ истифода кунед.