Тарохум- густардатарин бемории чашмӣ дар фасли тобистон
Як ҷарроҳ ва мутахассиси бемориҳои чашм гуфт:Дар минтақаҳо ва фаслҳои гарми сол танҳо ашхоси пир ба оби марворид гирифтор намешаванд, балки дар сурати муҳофизат накардан аз чашм имкони дучор шудан ба ин беморӣ дар синҳои поинтар ҳам вуҷуд дорад.
Ба гузориши ИСНА доктор Ҳурмузи Шамс дар бораи бемориҳои чашмии шойеъ дар фасди тобистон изҳор кард:Бемориҳои уфунии қобили интиқол аз тариқи об, муҳимтарин бемориҳое ҳастанд, ки афрод дар тобистон ба онҳо гирифтор мешаванд ва оби олуда ва шино кардани ашхоси бемор дар он боиси ривоҷи бемориҳои вирусӣ мешавад, ки илтиҳоби мултаҳима(илтиҳоб ва уфунати пардаи шафофе, ки зери пилкҳо ва қисматҳое аз курраи чашмро пушонидааст) ва тароҳум(трахома)ро дар пай дошта ва мумкин аст ниёз ба дармони тулонимуддат дошта бошанд. Хлори зиёд дар об низ боиси таҳрик шудани чашм мешавад. Вай бо баёни инки чашмҳоро дар фасли тобистон бояд аз шуъоҳои моварои банафш(ултрабунафш) ва модуни қирмиз(ултрасурх) муҳофизат кард, гуфт: Гирифторӣ ба бархе бемориҳои чашмӣ монанди нохунак ва хушкии чашм ва саратонҳои пустӣ натиҷаи мухофизат накардани кофӣ аз чашмҳо ва пуст дар фасли тобистон аст. Албатта хира шудани тулонӣ муддат ба нури хуршед низ мумкин аст ба сухтагии шабакия мунҷар шавад.
Ҷарроҳ ва мутахассиси бемориҳои чишмӣ доктор Ҳурмузи Шамс тавсия кард:Дар фасли тобистон бояд ҳавзҳои покро барои шино интихоб кард. Илова бар он набояд ба муддати тулонӣ дар маърази ҳавои олуда қарор нагирифт, айнакҳое,ки зидди шуъоҳои ултрабунафш нестанд набояд истифода кард; чун ҳангоме, ки айнак руйи чашм аст, мардумаки чашм бозтар ва дар натиҷа шуъоҳои зарарноки бештаре вориди он мешавад.