Кумакҳои аввалия чист?
(last modified Wed, 24 May 2017 07:52:46 GMT )
Май 24, 2017 12:52 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои аввалия чист?

Кумакҳои аввалия усулан ба як қатор кумакҳое, ки бидуни истифода аз василаҳои пизишкӣ тавассути ашхос, ки дар маҳалли ҳодиса ва фалокат ҳастанд барои фард(шахс)е, ки дучори ҳодиса шуда иҷро мешавад, унвон мегардад ва ин кумакҳо дар ҷиҳатест, ки на танҳо ҷони шахсро аз марг наҷот медиҳад, балки илова бар он метавонад аз осебдидагиҳои бештар ва аз маъюбиятҳо ва нотавониҳои ҷисмии дигаре, ки мумкин аст ба сабаби осебдидагӣ эҷод шуда бошад, низ ҷилавгирӣ кунад.

Чаҳор асл барои бархурди аввалия дар кумакҳои  аввалия матраҳ аст:

Аввалин масъала дар бархурд бо фарде, ки дучори  осеб шуда диққат дар нафаскашии  ӯст. Яъне агар бо фарде бархурд кардем, ки  аз баландӣ афтода    дучори шикастагӣ шуда аст,ибтидо ба суроғи шикастагӣ ва баррасии шикастагии ӯ намеравем балки таваҷҷуҳ мекунем, ки бибинем оё фард нафас мекашад?

Дуввумин қадам таваҷҷуҳ ба вазъияти қалбу уруқ(рагҳо) ва системи гардиши хуни  осебдида  аст. Инки оё вай  дорои зарабони  қалб ҳаст ё не?

Ниҳоятан инки баъд аз  контроли ин се марҳила бояд ба суроғи баррасии шок рафт.

Охирин нукта  инки мумкин аст шикастагӣ ба сурати мурракаб бошад яъне илова бар шикастагӣ асабҳо  ҳам қатъ шуда бошад ва ё раге, ки дар  наздикии  узви  шикаста қарор доранд осеб дида бошанд.

Чи иқдомотеро метавонем то замоне, ки фардро ба аввалин маркази дармонӣ бирасонем анҷом диҳем?

1-Хобондани  маҷруҳ  руйи сатҳи замин

2- Собит кардани бадан

3-Гузоштани пату(одеял) дар зери поҳҳо

Муҳимтарин кор ин аст, ки талош кунем ҳарактро маҳдуд ва устухони миёнро ҳимоят кунем то аз эҷоди дарду зарари  бештар  ҷилавгирӣ шавад.

Таъсиргузортарин кумакҳои аввалия ба як фарди осебдида ба тартиби зер ҳастанд:

-Маҷруҳро безарурат  ҳаракт надиҳед.

-Аз боз будани роҳҳои нафаскашӣ  ва зарабони набзи фард итминон пайдо кунед.

Агар  аломатҳои шикастагӣ дар манаҳ  ё рӯй мушоҳида кардед зуд бо як латта  устухонҳои рӯйро собит кунед.

Дар ҳоле, ки беҳушӣ барои фард пеш меояд бояд бо дидани нишонаҳо зуд фардро таҳти назоратҳои пизишкӣ қарор дод. Ин нишонаҳои муҳим ва ҳаётӣ иборатанд аз:

1-Хобоолудагӣ ва ё рафтори ғайритабиъӣ

2-Боло овардани ғизо(дилбеҳузурӣ ва партофтан)

3-Сардард       

4-Мушкили биноӣ

Барчасп