Анба (манго) ва таъсироти он бар саломатӣ
(last modified Sun, 28 May 2017 06:31:57 GMT )
Май 28, 2017 11:31 Asia/Dushanbe
  • Анба (манго) ва таъсироти он бар саломатӣ

Аз мева ва пусти анба илова бар туршӣ (намаккарда) ва мураббо афшурае низ дуруст мекунанд, ки дорои асари қабзкунандагӣ (нигаҳдорандагӣ) аст. Ҳамчунин ғарғараи ин афшура ба сурати омехта бо каме об барои гулудард муфид аст.

- Пусти   анба  дорои 15 то 18 дарсад танинҳо  аст ва як қошуқи чойхурӣ пусти  кубидаи он ба мизони ду бор  дар рӯз барои дармони исҳол (дарунрав) муфид аст.

 - Меваи  анба буи хуше  мисли анбар дорад. Даҳонро хушбу карда ва ранги  чеҳраро  боз  мекунад.

- Тақвияткунандаи ҷисм , руҳ ва  аъзои ҳозима аст.

- Гурдаҳо  ва пешобдонҳоро  тақвият  мекунад.

- Барои дармони  сурфа , танги нафас ,навъҳои гуногуни  сардард , исҳол ва дардҳои  қулинҷӣ мфид аст.

- Ташнагиро  рафъ мекунад.

- Барои фарбеҳ шудани  ашхоси  лоғар мфид аст.

- Пешобовар ва мулоимкунанда  аст.

- Мураббо ва туршии  анба барои тақвияти  меъда муфид аст.

Коҳишдиҳандаи  фишори хун

-Ин мева аз манбаъҳои  бисёри хуби  натрий  ба ҳисоб  меояд, ба тавре  ки хурдани  он ба ашхоси  гирифтор  ба фишори  хуни  зиёд  тавсия  мешавад.

-Истеъмоли ин  мева боиси афзоиши   қанди  хун   ва муҷиби  тарашшуҳи  гармони  ансулин мешавад. Бо тарашшуҳи   ин гармон, қанд ба дохили  ҳуҷайраҳо  ворид шуда ва дубора уфт пайдо мекунад. Ба ҳамин далел шахс  дубора эҳсоси  гуруснагӣ мекунад  ва ҳамин мавзӯъ муҷиби  зуд -  зуд гурусна шудани  шахс  ва пурхурии  вай мешавад.

Мевае барои камхунҳо

Мушкили  камхунӣ  дар ашхосе, ки аз гушти гов ё гусфанд   истифода намекунанд , бештар дида мешавад. Ба  ин ашхос тавсия  мешавад, то аз манбаъҳои  гиёҳии  оҳан бештар истифода кунанд. Ба илова дар канори  маводи  ғизои  оҳандори  гиёҳӣ  беҳтар  аст аз ғизоҳое истифода шавад, ки ҷазби   ин оҳани гиёҳиро афзоиш медеҳанд.

Дар  ин миён  анба ҷузви  меваҳое аст, ки  метавон  онро ба ҳамроҳ манобеъи  гиёҳии оҳандор мавриди  истифода қарор дод.

Дар ҳар 100 грамм аз ин мева, 37 милиграмм   витамини C ва 2000 микрограмм  битакаротин вуҷуд дорад, ки мутолиъот нишон  додаанд дарёфти ҳамзамони  ин маводи   ғизоӣ  бо оҳан, ҷазби  рудаии   ин моддаи  менералиро афзоиш  медиҳад.

Анба   алайҳи  саратон

Истеъмоли  ҳамешагии ин мева аз бурузи  саратони раҳим(бачадон) пешгирӣ мекунад , зеро хосияти антиоксидонӣ дорад.

Ин мева ба далели  доштани  витамини C ва битакаротин як системаи  эминии бисёр қавӣ эҷод мекунад. Ба ҳамин далел истеъмоли  ҳамешагии анба дар барномаи  ғизоӣ  аз бурузи  уфунатҳои  вирусӣ  ва рушди  варамҳои саратонии бадхим дар бадан ҷилавгирӣ мекунад.