Рӯзадорӣ пас аз саратон
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i18136-Рӯзадорӣ_пас_аз_саратон
Тавсияи собите барои тамоми беморони саратонӣ, ки давраи дармонашонро пушти сар гузоштаанд вуҷуд надорад, балки ин масъала ба шароити ҷисмонии хоси ҳар бемор вобаста аст.
(last modified 2025-12-10T09:53:47+00:00 )
Июн 03, 2017 09:14 Asia/Dushanbe
  • Рӯзадорӣ пас аз саратон

Тавсияи собите барои тамоми беморони саратонӣ, ки давраи дармонашонро пушти сар гузоштаанд вуҷуд надорад, балки ин масъала ба шароити ҷисмонии хоси ҳар бемор вобаста аст.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, бешак рӯзадорӣ тайи химиядармонӣ ва радиотропӣ мамнуъ аст, чаро ки беморон тайи  ин  даврон ниёзҳои  хурокии  фаровоне доранд; ба хусус таъмини оби аз даст рафтаи бадан, аммо пас аз гузашти ин давраҳо ва итминон ёфтани  духтури мутахассис аз дармон шудани беморӣ бо таваҷҷуҳ ба неруи ҷисмонии шахс, син ва надоштани ҳеҷ гуна бемории заминаӣ чун қанд, равған  ва фишори хун рӯзадорӣ  мамнуъ нест.

Масрафи маводи ғизоии пуроб тайи   саҳарихурӣ  ва ифтор барои беморони дармоншудаи саратонӣ бисёр аҳамият дорад. Ин ашхос  бояд ғизоҳои  бисёр ширин, шур ва равғаниро аз барномаи ғизоии худ дур кунанд ва ба ҷои он аз мева ва кабудиҳои тоза ва ғизоҳои  камтар бирёншуда истифода кунанд. Ҳамчунин набояд даррав  пас аз  ифтор  ҳаҷми зиёди ғизоро вориди меъдаи худ кунанд; яъне миёни ифтор то  хурдани  ғизои аслӣ як то ду соат фосила эҷод кунанд.

Риъояти гуногунӣ, таодул ва таносуб дар дарёфти  маводи хурокӣ ;яъне  ширу ҷурғот ва дуғ, протеин, ғалладона,  мева ва  кабудиҳо ва  резмуғаззиҳо; яъне витаминҳо ва менералҳо дар саҳархурӣ ва ифтитор барои беморони саратонии дармоншуда низ ҳамчун дигар рӯзадорон зарурӣ аст, албатта истифода аз витаминҳои иловагӣ низ тибқи назари духтури мутахассис муфид аст.